28-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Тавре зикр гардид, ки аз 28 апрел то 3-юми майи соли равон давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он шомил аст, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсияро таҳти шиори «Қудрати инсоният ба даст овардани фарогирии иммунизатсияи ҳамагонро дорад!» қайд менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиби иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар чун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ мекунад.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»