Чордаҳуми июни соли равон аз шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон кумаки навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Кӯҳистони Бадахшон тамошо кардаму ба риққат омадам. Сарвари давлат таъҷилан баҳри кумаку дилбардорӣ ба ҷойи воқеа ҳозир шуда, осебдидагонро тасаллӣ доданд. Сухан дар баёни ҳиссиёти ман нисбат ба хайрхоҳиву хайрандешии Роҳбари давлат оҷиз аст. Хайру эҳсони Сарвари давлат ба мо — маъюбону бепарасторон, ниёзмандону камбизоатон низ қобили таҳсин аст. Дар ҳама шодиву ғамҳоямон шахсан иштирок карда, кумакҳо менамоянд. Баҳри чунин як Сарвари меҳрубону мушфиқ агар лозим шавад ҷонамро дареғ намедорам.
Дар баробари ин қадар заҳмату талошҳо баҳри ободонии Ватан, вақте аз ҳодисаҳои охири баамаломада – амали як гурӯҳи ҷиноятпеша бо сарварии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода огоҳ шудам, қалбам маҳзун гашт. Охир ба ин одамон чӣ намерасид? Вазифа, сарвати зиёд доштанд, оромона зиндагӣ мекарданд. Чунонки дар изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: Назарзода А.М. соҳиби 9 корхона, 9 хонаи истиқоматӣ, 56 адад воситаҳои нақлиёт будааст…
Шукр мегӯем, ки имрӯз Тоҷикистони мо қудрату тавоноии аз марзу буми хеш ҳимоя карданро дорад.
Вақте шунидем, ки ин гурӯҳи ҷинояткор ва намакношинос безарар гардонда шудааст, хеле хурсанд шудем. Бо истифода аз фурсат аз мардуми шарифи Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки имрӯз аз ҳарвақта дида, ҳушёртар бошанду баҳри таҳкими сулҳу оромӣ ва гулгулшукуфии Ватан ҷидду ҷаҳд намоянд.
Сарвари мо Эмомалӣ Раҳмон баҳри Ваҳдату Истиқлолият хизматҳои шоиста карда истодаанд. Аҳли ҷомеа бояд ба қадри ин заҳмату талошҳо бирасанд ва нагузоранд, ки душманони миллат сулҳу оромии моро халалдор созанд.
Раҷабов Ибодулло (Дурандеш),
ш.Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев 56,
ҳуҷраи 70, маъюби гурӯҳи 2-юм