Дар шаҳри Барнаули кишвари Олтойи Федератсияи Россия соҳибкори тоҷик Фаридун Мадолимов ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа ба нафақахӯрон ройгон нон медиҳад.
Тавре хабаргузории «Авеста» иттилоъ додааст, дар бораи ҳимматбаландии ҷавони тоҷик рӯзномаи «Алтайская правда» матлаберо ба нашр расондааст. Нафақахӯрони маҳаллӣ ба идораи нашрия нома навишта, хоҳиш кардаанд, ки дар бораи ҷавонмардии соҳибкори тоҷикистонӣ нависанд, то дигарон ибрат гиранд.
«Нафақаи мо барои нон мерасад. Вале рафтори ҷавони тоҷик хеле бароямон хушоянд аст»,- қайд шудааст дар номаи пиронсолон.
Фаридун аз вилояти Суғд аст. Ӯ дар кишвари Олтой бо ҳамсараш Фариза ва ду фарзандаш кору зиндагӣ мекунанд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Алтайская правда» гуфтааст, ки дар Тоҷикистон хайрхоҳӣ, кумак ба пиронсолону муҳтоҷон амали маъмулист.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»