Пардабардорӣ аз чеҳраи манфури роҳбар ва аъзои ташкилоти террористии наҳзат қатъ мегардид, ба шарте ки онҳо хатояшонро дарк намуда, барои аъмолашон дар назди миллат ва қонун ҷавоб мегуфтанд. Мутаассифона, ҳоло низ наҳзатиҳо, бо вуҷуди дар гуноҳ ғарқ будан, «одат»-и худро тарк накарда, дар сомонаҳояшон бечоранолӣ ва худсафедкунӣ доранд. Бегуфтугӯ, амалҳои разилонаи онҳо мақомоти марбутаро водор месозад, ки нисбаташон мунтазам чораандешӣ намоянд, зеро хомӯшӣ дар баробари аъмоли нопоки онҳо пой гузоштан ба рӯи қонун, арзишҳои инсонӣ ва давлатдорист. Бинобар ин, мақомоти дахлдор ба василаҳои гуногун факту рақамҳоро ба мардум ифшо ва воқеиятро ошкор мекунанд.
Шармандатар аз наҳзатиҳо дар ақсои олам касе набошад ҳам, вале онҳо бо роҳу «усул»-и гуногун воқеиятро зери суол бурданианд. Далели раднопазири ин «амал» баёнияи ташкилоти террористӣ дар робита ба филми «Хиёнат» аст, ки чанд рӯз қабл аз тариқи шабакҳои телевизион пахш гардид.
Чун ҳарвақта, ин навбат низ масъулини ташкилоти террористии наҳзат ба такопӯ даромада, бо ҳар восита далелҳои дар филм пешниҳодшударо инкор кардан мехоҳанд, вале магар мешавад «офтобро бо доман пӯшонид»? Хоса, агар он доман тунук бошад?
Сӯзиши пушти саркардаву думравони ташкилоти террористии наҳзат баробари пахши «Хиёнат» шиддат гирифт ва онҳо ба ҳарзагӯйӣ даромаданд. Нашри «баёния»-и наҳзатиҳо бори дигар собит намуд, ки «кӯзапӯштро танҳо гӯр рост мекунад».
Мепиндоранд, ки сохторҳои марбута ва мардум аз иртиботу қаробаташон бо ташкилоти террористии наҳзат огоҳ нестанд. Чунин вонамуд мекунанд, ки далелҳо беасосанд ва нисбаташон зулм шудааст. Ҳол он ки барои шинохти наҳзатиҳо ва ошно шудан бо «корнома»-ҳояшон ҷаҳди зиёд лозим нест, чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Обсофкунакҳо, аз ҷумла, М. Салимпур, М. Садриддин, С. Истаравшанӣ ва ғайра низ иддао доранд, ки иттиҳом беасос асту наҳзатиҳо мусичаи бегуноҳанд. Баёнияи зикршуда мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар муътақид намуд, ки «зангӣ ба шустан нагардад сафед». «Хиёнат» бори дигар хиёнатпеша будани наҳзатиҳоро собит кард ва аз чеҳраи манфури онҳо бо далелҳои қотеъ парда бардошт.
Думравони ташкилоти террористии наҳзат бояд дарк намоянд, ки комилан нокому бахтбаргаштаанд. Аз шумори наҳзатиҳо, онҳое, ки барои аъмолашон ҷазои сазовор гирифтанд, набояд аз касе домангир шаванд, ба ҷуз роҳбари ташкилот, ки ӯро «устод» меномиданд. Кӯтоҳандешиву худхоҳии «устод» буд, ки як қисми наҳзатиҳо зиндонӣ ва боқимонда сарсону саргардон шуданд. Шафоаташ танҳо ба думравакону ҳамбистарҳояш мерасад.
Дар маҷмӯъ, «баёния» идомаи мантиқии худсафедкунии наҳзатиҳост. Албатта, тибқи анъана, расонаҳои кисагии ташкилоти террористии наҳзат бо мақсади гумроҳ намудани аҳолӣ пахши «Хиёнат»-ро низ фармоишӣ номиданд. Ҳарчанд хуб медонанд, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ба фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти дахлдор вобастагии мустақим дорад.
Яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир, ки ҳама шоҳидем, афзоиши хатари терроризм ва экстремизм аст, ки аксар маврид зери ниқоби ислом роҳандозӣ мегардад. Дар асл ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ умумияте надорад, баръакс, таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок аст. Вале бо вуҷуди ин, қувваҳое, амсоли ташкилоти террористии наҳзат, барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ аз дини мубини ислом суиистифода мекунанд.
Касе наметавонад инкор намояд, ки ташкилоти террористии наҳзат тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро дошт. Роҳбар ва аъзои он аз имконоти фароҳамнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо ба ягона ҳизби исломӣ дар минтақа иҷозаи фаъолият дода буд, суиистифода карда, худро дар арсаи сиёсат аз ҳизбҳои калидӣ пиндоштанд ва бозии хатарнокро оғоз карданд. Аммо, хушбахтона, тирашон хок хӯрд. Тавре мегӯянд:
Каҷсириштон ҳама бо нақши каҷӣ хоҳанд рафт,
Ин қаҷӣ рост ба афсуни масеҳо нашавад.
Бо дарки масъулият мегӯям, ки филми мазкур миёни қишрҳои аҳолӣ мавриди пазироӣ қарор гирифт ва ҳисси нафратро ба хиёнатпешагон бештар намуд. Муҳтавои филмро андешаҳои шаҳрвандон ташкил медиҳад. Вокунишҳои дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва пахшгардида далели ин гуфтаҳоянд.
Ҷасур МИРЗОЗОДА, коршиноси Маркази иттилоотӣ – таҳлилии «Аҷам»