31 октябри соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи Футболи «Осиё – 2015» байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ба Варзишгоҳи марказии пойтахт ташриф овард.
Чорабинии имрӯзаи варзишӣ аз дигар бозиҳои футбол бо он фарқ мекард, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт бозии ҳалкунанда барои муайян кардани чемпиони бозиҳои Осиё барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи Футболи «Осиё – 2015» доир гардид.
Дар ин сабқат дастаи қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон — «Истиқлол» бо либоси варзишии сурху сиёҳ ва қаҳрамони дукаратаи Малайзия — «Ҷоҳор Дарул Такзим» бо либоси варзишии сафед рӯи майдон баромаданд.
Боиси хушнудист, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, Раиси Кумитаи олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон футбол дар Тоҷикистон солҳои охир оммавияти васеъ пайдо намудааст, зеро футболбозони дастаҳои алоҳида ва мунтахаби кишвар бозиҳои шавқовар ва натиҷаҳои умедбахш нишон медиҳанд. Ин аст, ки сафи мухлисони футбол ҳам дар Тоҷикистон солҳои охир хеле афзудааст.
Соли 2014 дар саросари кишвар чорабинии бошукӯҳи «Соли оммавияти футбол» доир гардид, ки аз тадбирҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумат дар роҳи рушди ин навъи варзиш буд.
Имрӯз Варзишгоҳи марказии пойтахт, ки дорои беш аз 25 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, пур аз ҳаводорони футбол ва мухлисони дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд.
Иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз дӯстдорони воқеӣ ва тарғибгари басо фаъоли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар кишвар аст, на танҳо ба футболбозони тоҷик, балки ба кулли мардуми дар ин майдон ҷамъомада рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Бозӣ басо ҷолибу шавқовар ва бошиддат ҷараён гирифт. Ҳар ду даста ҳам барои ба даст овардани пирӯзӣ иродаи қавӣ ва маҳорату малакаи баланд нишон доданд.
Бозӣ бо ҳисоби 0 бар 1 ба фоидаи дастаи «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия анҷом ёфт.
Баъди анҷоми бозӣ маросими супоридани Ҷоми Конфедератсияи Футболи «Осиё – 2015» ба дастаи ғолиб доир гардид.
www.president.tj