Интихобот ҳамчун унсури давлати демократӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши бориз дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ташкил ва баргузории интихоботро санадҳои меъёрии ҳуқуқии мушаххас ба танзим медароранд. Аз ҷумла, дар ин самт нақши Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муассир мебошад.
Дар раванди интихобот, ки аз марҳилаҳои гуногун иборат аст, маъракаи омодагӣ давраи аз ҳама муҳим маҳсуб меёбад. Дар ин раванд комиссияҳои интихоботӣ нақши назаррас доранд. Маҳз онҳо ҳамчун мақомоти пешбари интихобот дар эълон, бақайдгирӣ ва ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ бевосита иштирок намуда, ҷараёни онро назорат менамоянд. Омодагӣ ва гузаронидани интихобот аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ шаффоф ва ошкоро бояд сурат гирад.
Дигар марҳилаи муҳими раванди интихобот иштироки интихобкунандагон мебошад. Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад ба номзади мувофиқ пинҳонӣ ва озод овоз диҳад. Дахолат накардан ба ҳуқуқи овоздиҳии шахс яке аз принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, дар марҳилаи овоздиҳӣ принсипи баробарӣ хеле аҳамиятнок аст. Яъне, шаҳрвандон, аз роҳбарон то шаҳрвандони одие, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд, тибқи принсипи «Як шахс — як овоз» дар интихобот бояд ширкат варзанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки шахсан дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат намояд. Фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон боиси ба таври демократӣ ва шаффоф баргузор гардидани интихобот мегардад.
Марҳилаи навбатии муҳим натиҷагирӣ ё эълони ниҳоии раъйи додашуда ба номзадҳост. Дар ин марҳила нақши нозирон, шахсони боэътимоди номзадҳо ва воситаҳои ахбори омма зарур арзёбӣ мешавад, зеро онҳо раванди ташкил, баргузорӣ ва натиҷагирӣ аз интихоботро бевосита назорат менамоянд.
Ҳамин тавр, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ба хотири ифодаи ҳуқуқи интихоботӣ ва нишон додани мавқеъ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзад ва ба номзади арзанда раъй диҳад, зеро иштироки фаъоли шаҳрванд дар интихобот ва раъйи ӯ рушди ояндаи давлатро муайян мекунад.
Хусрав АЛИЗОДА, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон