Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 сентябри соли равон дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, суханронӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Бурҳониддин Раббонӣ ҳамчун шахсияти боматонат, таҳаммулгаро, инсондӯст, дурандеш ва сиёсатмадори варзида дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва берун аз он бо некӣ ёдовар шуда, нақши ӯро дар талошҳои пайгирона ба хотири истиқрори сулҳу оромӣ дар минтақа ва Афғонистон назаррас арзёбӣ намуданд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, солҳои раёсати профессор Раббонӣ яке аз давраҳои мушкилтарини таърихи муосири Афғонистон ба ҳисоб рафта, ӯ муддати 50 сол дар меҳвари равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фикрии кишвар қарор дошт. Ҳамчунин, ёдовар шуданд, ки Раббонӣ ба унвони сиёсатмадори шинохта дар раванди сулҳи тоҷикон саҳмгузор буд.
Муштаракоти фарҳангиву таърихии ҳар ду кишвари ҳамсояро ёдовар шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлуи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошта, минбаъд низ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи он пуштибонӣ хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳ ва рушди иқтисодиву зербиноии Афғонистон мебошад, то ки мардуми он дар фазои осоишта ва саодату рифоҳ зиндагӣ намоянд. Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми шарифи Афғонистон, ки шахсиятҳои барҷастае чун профессор Раббонӣ дорад, метавонад тақдиру ояндаи сарзамини куҳантаърихашро ба даст гирифта, ба хотири расидан ба сулҳу суботи устувор ва ободии кишвар пайгирона талош намояд.
www.president.tj