Шарҳи қонун

Ислоҳот дар қонунгузорӣ зарурати такмили қонунро ба миён овард

№101 (3895) 18.08.2018

Дар раванди татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар қонунгузории кишвар, бахусус дар самти такмили низоми дурнамосозӣ, таҳияи сифатноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки чанде пеш аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав сурат гирифт, идомаи фаъолият дар ин ҷода мебошад.

Ба қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2003 қабул гардида буд, се маротиба (солҳои 2009, 2011 ва 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Бо дарназардошти он ки тамоми ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла дурнамоҳои давлатӣ, стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар асоси қонуни мазкур таҳия ва тасдиқ мегарданд ва ҳуҷҷатҳои мазкур самтҳои ояндаи рушди иқтисодиётро бо дарҷи роҳҳои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат муайян менамоянд, бори дигар зарурати такмили қонуни зикршуда пеш омад.

- Қонун мақсаду мазмуни дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва соҳавиро муайян намуда, бо дарназардошти тағйирёбии иқтисодию иҷтимоӣ ва низоми дурнамосозӣ, бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, таҳия шуда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии таҳия, баррасӣ ва тасдиқи онҳоро муқаррар менамояд, — иброз дошт зимни шарҳи қонуни мазкур узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир ва идома дод:

- Дурнамоҳои давлатӣ бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таъмини амнияти иқтисодӣ барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат (як сол), миёнамуҳлат (то 5 сол) ва дарозмуҳлат (на кам аз 10 сол), Консепсияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади муайян кардани самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ояндаи дарозмуҳлат ба муҳлати на кам аз 20 сол ва Стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати муайян кардани ҳадафҳои стратегӣ, афзалиятҳо ва принсипҳои рушди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ба муҳлати на кам аз 15 сол таҳия мегарданд.

Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла устувории макроиқтисодӣ, сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсолӣ, энергетикӣ, нақлиёт ва иҷтимоӣ, афзоиши даромади буҷет, баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ таҳия ва татбиқ мегардад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо ҳадафҳои стратегии рушди кишварро дар бар гирифта, бо мақсади таъмин намудани рушди шаҳру ноҳияҳо, бо дарназардошти хусусиятҳои хос, иқтидор, афзалият ва захираҳои мавҷудаи ҳар як маҳал таҳия ва амалӣ карда мешавад.

Моҳияти батанзимдарории идоракунии ҷараёнҳои иқтисодӣ тавассути қонуни мазкур дар он аст, ки дар асоси Дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ таҳия гардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли нав­батии молиявӣ ва нишондиҳандаҳои он барои ду соли минбаъда» ташаккул меёбад.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҳия ва пешниҳод намудани нишондиҳандаҳои дақиқу босифати рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва дар ин замина муайян кардани иқтидору имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ баҳри таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, тибқи қонуни мазкур таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ намудани шаш санади зерқонунӣ пешбинӣ шудааст, ки дар онҳо раванди таҳияи дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мушаххас дарҷ мегарданд. Аз ҷумла, «Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат» (моддаи 4), «Тартиби таҳияи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 5) ва «Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал» (моддаи 13) пешбинӣ шудааст.

Қонун аз 18 модда иборат буда, ба он шаш моддаи нав — «Принсипҳои дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ» (моддаи 3), «Ҳамбастагии консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 7), «Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ» (моддаи 5), «Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ» (моддаи 14) ва «Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур» (моддаи 17) илова гардидааст.

Дар қонун панҷ принсипи дурнамосозӣ — ягонагӣ, воқеъбинона, илман асос­нок, шаффофӣ ва масъулиятнокӣ пешбинӣ шудааст, ки барои сифатнок таҳия гардидани дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ мусоидат мекунанд. Принсипи ягонагӣ бо мақсади ҳадаф ва усули ягона доштани дурнамоҳо ва ҳуҷҷатҳои стратегию барномавӣ, принсипи воқеъбинона бо дарназардошти ба инобат гирифтани иқтидорҳои мавҷуда ва тамоюлҳои солҳои гузашта, принсипи илман асоснок барои истифодаи методологияи муайянгардидаи илмӣ, принсипи шаффофӣ ҷиҳати дастраси умум будани дурнамоҳои давлатӣ ва принсипи масъулиятнокӣ бошад, барои босифат ва сари вақт пешниҳод намудани маълумот пешбинӣ гардидаанд.

Дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон тавассути моделҳои иқтисодӣ таҳия карда мешаванд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин усулҳо истифода менамояд. Аз ин лиҳоз, дар қонун мафҳуми «моделҳои дурнамосозии рушди иҷтимоию иқтисодӣ» дарҷ гардидааст.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо оид ба таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз нуқтаи назари илмӣ асос­нок намудани дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар қонуни мазкур бори аввал ташкили Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ пешбинӣ шудааст. Он мақоми машваратии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо буда, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар самти таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудани онҳо таъсис дода мешавад.

Гулбаҳор Назирӣ, ҳамчунин гуфт, ки «Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст. Айни замон дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Тартиби таҳияи дурнамоҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30 декабри соли 2007, № 649 тасдиқ гардидааст, таҳия карда мешаванд. Бо дарназардош­ти қабули қонуни мазкур ва тағйир ёфтани низоми дурнамосозӣ дар ҷумҳурӣ, тартиби мазкур дар таҳрири нав таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул карда мешавад.

Дар робита ба фарқи барномаи мақсадноки давлатӣ аз барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ Гулбаҳор Назирӣ гуфт, ки хусусияти асосии фарқкунанда миёни онҳо дар сарчашмаи ­маблағгузориашон аст. Яъне, барномаҳои мақсадноки давлатӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва фондҳои мақсадноки буҷетӣ маблағгузорӣ мешаванд. Тибқи талаботи моддаи 11 қонуни мазкур, номгӯйи барномаҳои мақсадноки давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқи «Дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва афзалиятҳое, ки дар асоси он таҳия мегарданд, муайян ва тасдиқ менамояд. Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ бошанд, тавассути манбаъҳои маб­лағгузории гуногун — Буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд амалӣ карда мешаванд.

- Дар маҷмӯъ, ҳадаф аз қабули қонуни мазкур дар таҳрири нав, пеш аз ҳама, ба талаботи равандҳои муосир ва таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон мутобиқ намудани қонунгузории кишвар дар ин самт мебошад, — хулоса кард Гулбаҳор Назирӣ.

Абдумаҷид Муродов, «Садои мардум»