Якуми июни соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи корӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти намояндагию иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва назорати давлатию ҷамъиятӣ таҳти раисии Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.
Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии масъалаҳои хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама таваҷҷуҳи масъулинро ба идомаи татбиқи фарогири нақша — чорабиниҳои дар доираи амалишавии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар таносуби сохторҳои марбута равона ва натиҷагирӣ намуд.
Раиси шаҳр фаъолияти анҷомгирифтаро нокифоя арзёбӣ карда, масъулинро муваззаф сохт, ки баҳри тақвияти иҷрои вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд ва ободониро дар шаҳр вусъат бахшанд.
М.Убайдуллоев аз ҷумла зикр сохт, ки бо вуҷуди таскиндиҳанда будани ҳисоботи оморӣ фаъолияти сохторҳои дахлдорро дар тамоми самтҳои ҳаёти хоҷагидории шаҳр бояд тавсеа ва тақвият бахшид. Қабл аз ҳама таваҷҷуҳи мақомоти дахлдор дар ҷодаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ба пешгирии воридшавии нақлиёти дорои литсензиянабуда ба пойтахт, аз байн бурдани ҳолатҳои ҷой доштани бенизомию танбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо ва пурзӯр намудани назорати прокурорӣ нисбати хилофкорони қонун нигаронида шуд.
Дар иртибот ба ин роҳбарияти сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда оид ба қатъ намудани фаъолияти мошинбозор ва аз марзи шаҳр берун баровардани он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Бо дахли масоили иҷтимоӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев вазъи таълиму тарбия, ҳолати маишӣ, санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои зертобеи Раёсати маориф, сифати хизматрасониҳоро дар муассисаҳои тандурустии шаҳр, фаъолияти бахши фарҳангу иҷтимоиёт ва кор бо наврасону ҷавонон, занону оилаҳоро ба риштаи таҳлил кашида, дастур фармуд, ки бо инобати ҷавобгӯи талаботи вақт ва замон роҳандозӣ кардани фаъолият, бахусус дар самти пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои русуми адёнӣ ва танзими расму оин барномаҳои ҳадафмандро тарҳрезӣ ва муассир амалӣ созанд.
Ҳамзамон дар ҷаласа вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ, вусъати тадбирҳо оид ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи садамаҳои бамиёноянда, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, назорати дахлдор нисбат ба нуқтаҳои фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан, ҳолати роҳҳо, наҳру селпартоҳо ва риояи меъёрҳои истифодабарии дарёҳои марзгузари шаҳр, пешгирии ғасби худсаронаи замин, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, реклама ва ороиши мақсадноку мавзӯии шаҳр, тавсеаи барномаҳо баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва масъалаи ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ҳадафманд доир намудани Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳои он баррасӣ гардида, ба масъулин дастурҳои судманд ироа шуд.
Ш. Саидов