Мақомот мунтазам аз дастгир кардани нафароне, ки асъори қалбакиро ба муомилот баровардаанд, хабар медиҳанд. Аз ҷумла, якуми июли соли равон раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз дастгир кардани шаҳрванд Катамардов Тоиршоҳ Олимшоевич иттилоъ дод. Дар натиҷаи пешбурди тафтишоти пешакӣ муайян гардидааст, ки номбурда асъори қалбакии доллари амрикоиро тавассути ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, ба муомилот баровардааст.
Гумонбаршаванда Катамардов Т. бар ивази маблағи қарз ба сокини пойтахт 11 адад купюраи 100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст. Баъд аз дастгир гардидан аз ҷайби номбурда 21 адад купюраҳои 100-доллараи қалбакӣ дарёфту мусодира шуд.
Солҳои гузашта низ бо чунин кирдор чандин нафар дастгир шуда буданд.
Чанде пеш яке аз ҳамкорон купюраи 50-сомониеро нишон дод, ки аз нусхаи аслӣ фарқ кардан душвор аст. Хусусияти фарқкунандаи он сифати пасти қоғаз, надоштани элементҳои ҳимоявӣ ва навиштаҷоти «чиптаи бонки шӯхӣ» мебошад. Ин «пул»-ро ба шавҳари ҳамкори мо, ки ронандаи таксӣ аст, як мизоҷ дода, 20 сомонӣ бақия ҳам гирифтааст.
Чунин намунаи «пул»-ҳо дар кишварҳои дигар низ ба чашм мерасанд ва баъзан ба сайёҳон ҳамчун армуғон пешниҳод мешаванд, вале истифодаи он ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки «Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта)» ном дорад, тайёр кардан бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани билетҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон, танга ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори хориҷӣ, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад. Мувофиқи қисми 2 моддаи мазкур, агар ҳамин кирдор аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон ва такроран содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад. Мувофиқи қисми 3 моддаи зикршуда бошад, кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо муайян шудааст.
Ҳамин тариқ, шаҳрвандонро мебояд дар муносибат бо пули миллӣ, ки яке аз рамзҳои давлатист, эҳтиёткор бошанд ва ҳар гуна «чиптаҳои бонки шӯхӣ»-ро ба муомилот набароранд, то аз пушти фоидаи муфт қисме аз умрро паси панҷара нагузаронанд.
Инчунин, мақомоти марбутаро мебояд, сарчашмаи интишори «чиптаи бонки шӯхӣ»-ро муайян намуда, лоақал оқибатҳои ҳуқуқии чунин амалро фаҳмонанд, ки ҳангоми аз намунаҳои пули миллӣ истифода кардан (ҳамчун армуғон ё ашёи ороишӣ барои овехтан дар дохили нақлиёт) дар ҳаҷм ва шакли он тағйироти чашмрас дароварда шавад, то касе натавонад аз он суиистифода кунад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»