Соли гузашта истихроҷи ангишт ба беш аз як миллион тонна расид. Имсол низ корхонаҳои истихроҷи ангишт азм доранд, ки нақшаро иҷро намоянд. Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ истихроҷи ангишт ба зиёда аз 600 ҳазор тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 210 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Айни замон дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 200 ҳазор тонна ангишт мавҷуд аст, ки муштариён метавонанд харидорӣ намоянд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»