15 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Истанбули Туркия конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид, ки дар он раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул, профессор Маҳмут Ак ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов суханронӣ намуданд.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша карда, аз ҷумла, зикр намуд, ки рӯҳониёни машҳури тоҷик мақсади таъсиси Ҳизби наҳзати исломиро қабул надоштанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ дониста, фаъолияташро зараровар, ғайри қобили қабул ва муқобил ба суботу оромии мамлакат ҳисобида буданд. Аммо роҳбарони Ҳизби наҳзат иродаи мардуми мусалмон ва рӯҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, тавассути таблиғоти идеологӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷӣ ҷаласа баргузор карда, ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шуданд ва дар андак муддат оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд. Ҷанге, ки панҷ сол давом карда, боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор сокини осоишта, гуреза шудани садҳо ҳазор аҳолии мамлакат, харобу валангор шудани шаҳру деҳоти Тоҷикистон гашт. Ба хотири расидан ба сулҳ роҳбарияти олии мамлакат ба фаъолияти осоиштаи Ҳизби наҳзат розигӣ доданд, вале наҳзатиён аз содир кардани ҷиноятҳои сангини террористӣ даст накашиданд. Бо супориш ва маблағгузории роҳбари фирории ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои фаъол ва роҳбарикунандаи он кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт. Дар натиҷа, ҷавонони бо нангу номус ва мусалмони тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллат доштанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шуданд. Ҷумҳурии Туркия низ чунин табаддулоти давлатиро 15 июли соли 2016 аз сар гузаронид ва шоҳиди кушта шудани садҳо нафар шаҳрванди бегуноҳ шуд. Аз ин бармеояд, ки ташкилотҳои террористӣ аз усули умумӣ — зӯроварӣ ва истифодаи силоҳу террор истифода мебаранд ва фарқи зиёд байни онҳо дида намешавад. Бинобар ин, зарурати муборизаи муштарак ба муқобили онҳо пеш омадааст.
Саидмукаррам Абдуқодирзода афзуд, ки дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Он ки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!».
Дар хотима раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихроҷи аъзои фаъоли созмони террористии наҳзат аз Туркия ба мақомоти марбута изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки хатари Ҳизби наҳзат аз созмонҳои террористии «ДОИШ» ва «Ал-Қойида» кам нест.
Сипас, дар ҳошияи конфронс мулоқоти Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ректори Донишгоҳи Истанбул, профессор Маҳмут Ак баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо табаддулоти созмонҳои террористиро маҳкум намуда, таъкид карданд, ки террорист давлат, дин, миллат ва мазҳаб надорад. Ректори Донишгоҳи Истанбул гуфт, ки барои ҳаводорони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат дар Туркия, бахусус, дар Донишгоҳи Истанбул, ҷой нест. Ӯ тазаккур дод, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои Ҳизби наҳзат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Туркия пешниҳод менамояд, ки бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории заруриро ба роҳ монанд ва дар сурати пайдо шудани тарафдорони Ҳизби наҳзат онҳоро аз донишгоҳу муассисаҳои таълимӣ хориҷ намоянд.
Зимни ҳамоиш, дар баробари донишҷӯёни тоҷик донишҷӯёни турк, ӯзбек, қазоқ, қирғиз, афғон ва намояндагони дигар миллатҳо, ки дар куҳантарин ва маъруфтарин мактаби олии Туркия — Донишгоҳи Истанбул таҳсил менамоянд, ширкат варзида, амали созмонҳои террористиро маҳкум намуданд.
Бознашр аз АМИТ «Ховар»