Аз пайи як мактуб

КӢ ҲАҚ АСТ?

№48 (3033) 19.04.2013

Инро танҳо суд муайян мекунад

Дар мавриди муноқишаи зану шавҳар мақоли хуби халқие ҳаст: «Ба ҷанги зану шавҳар остонаи дар ҳам хандидааст». Яъне, чунин моҷароҳо зудгузар мешаванд. Муноқишаи байни келину хушдоман чӣ? Дар ин маврид классикони адабиёти тоҷику форс «дурри маънӣ суфтаанд» ва олиму мутафаккир, муҳандис ва шоиру адиби маорифпарвари асри XIX-и тоҷик Мир Аҳмад Махдуми Дониш як боби китоби худ «Наводир-ул-вақоеъ»-ро бо номи «Дар боби никоҳ ва хусумати модаршӯ» ба масъалаи мазкур бахшидааст ва роҳи сулҳу салоҳро танҳо ба хираду фаросати ҳар ду ҷониб марбут донистааст.

Қиссае, ки ҳоло мо барои хонандаи азиз нақл карданием, маҳз аз моҷарои байни зану шавҳар ва келину хушдоман сар зада, сабаби асосии вайрон шудани як оилаи ҷавон гардидааст.

Гап дар сари он аст, ки келин хушдомани худро латукӯб кардааст. Оид ба ҷароҳат бардоштани хушдоман хулосаи ташхиси суди тиббӣ таҳти рақами 177 аз 11 апрели соли 2009 мавҷуд аст.

Ҷавонзан Дилрабо Асророва ном дошта, сокини деҳаи Пошкенти деҳоти «Пошкент»-и шаҳри Истаравшан аст, ки тӯли ҳафт соли хонадорӣ бо шавҳараш Фарҳодҷон Қаҳ-ҳоров соҳиби ду фарзанд гардидааст.

Мӯҷиби ин навиштаи мо аслан номаи шикоятии модари ин ҷавонзан Қумрӣ Асророва гардид, ки ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» ирсол кардаанд. Бино ба шикояти ӯ Суди шаҳри Истаравшан ноодилона никоҳи духтару домодашро бекор кардааст ва тақозо дорад, ки ин масъаларо санҷем.

Ба хотири фаҳмидани асли воқеа бо аҳли ин хонавода, раиси кумитаи маҳаллаи Пошкент, раиси Ҷамоати деҳоти «Пошкент», муовини раиси шаҳр, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, намояндагони суду прокуратура, судиҷрочиён суҳбату мулоқотҳои зиёд доштам. Дар ин бобат санадҳои зиёд, аз ҷумла ҳалномаҳои Суди шаҳри Истаравшан «Оид ба бекор кардани никоҳ» аз 20 июли соли 2009, «Оид ба рӯёнидани алимент» аз 23 ноябри соли 2010, «Оид ба маскун намудан ба манзили истиқоматӣ» аз 17 январи соли 2011, «Дар бораи зиёд намудани миқдори алимент» аз 12 ноябри соли 2012, «Дар бораи бекор кардани никоҳ» аз 12 ноябри соли 2012, қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди вилояти Суғд аз 8 январи соли 2013, баёнотҳои муовини раиси шаҳри Истаравшан Хосият Фозилова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Барно Ашрафова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ин мақомот Гулрӯ  Пӯлотова, корманди масъули Ҷамоати деҳоти «Пошкент» Зуҳро Ашӯрова, раиси ҷамоати ин деҳот Рашид Миркаримов ва дигаронро ҷамъ овардаам, ки ҳамаашон марбути муноқишаи ҳамин хонадон мебошанд.

Хулосаи гап дар он аст, ки дар оғози барпошавии ин оила муносибати байни зану шавҳар Д.Асророва  ва Ф.Қаҳҳоров хуб буда, аз сабаби 3,5 сол фарзанддор нашуданашон ҳар ду ҳам рӯҳан хаста гашта, байнашон низоъҳои оилавӣ ба амал омадааст. Феълу рафтори келин, хусусан баъди фарзанддор шудан, тағйир ёфта, бо сабабҳои  ночиз бо шавҳар ҷанҷол барпо мекардагӣ мешавад. Зан нисбати хушдоману падаршӯй беҳурматиҳо зоҳир карда, аз шавҳару волидайнаш ҷудо кардани рӯзгори ӯ ва бунёди хонаи навро талаб мекунад. Шавҳар аз ҷангу ҷанҷолҳо безор шуда, роҳи халосиро дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия мебинад. Баъди он ки келин ба сари хушдоман мушт бардошта, ӯро маҷрӯҳ месозад, «об аз сар» мегузарад. Шавҳар ва падару модари ӯ ба суди шаҳрӣ шикоят бурда, се маротиба бекор кардани ақди никоҳи зану шавҳарро тақозо мекунанд. Суди шаҳрӣ дар ду дафаъи аввал талаби онҳоро қонеъ нагардонида, ба хотири барқарор шудани оила муҳлат медиҳад.

Суди шаҳр бо талаби келину модараш ду маротибаи дигар аризаи даъвоии келин Д.Асророваро оид ба рӯёнидани алимент баррасӣ карда, бори аввал, 23 ноябри соли 2010, аз ҳисоби ҷавобгар Ф.Қаҳҳоров ба фоидаи даъвогар барои таъминоти ду нафар фарзандонаш Дилдора ва Фархунда Қаҳҳорова ба тариқи устувор ба ҳар кӯдак 80 сомонӣ, ҷамъ 160 сомонӣ ва 12 ноябри соли 2012 ба миқдори ба ҳар кӯдак 100 сомонӣ, ҷамъ 200 сомонӣ то ба балоғат расидани онҳо аз ҳама манбаъҳои даромади ҷавобгар алимент муқаррар кардааст.

Ниҳоят, 12 ноябри соли 2012 Суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда А.Абуғаффорӣ, котиби маҷлиси судӣ М.Маҷидов ва ҳимоятгар В.Кенҷаев бо иштироки намояндаи даъвогар Ф.Қаҳҳоров — Рустам Қаҳҳоров ва ҷавобгар Д.Асророва масъалаи бекор кардани никоҳи ин ҷавононро баррасӣ карда, талаби даъвогаронро қонеъ намудааст.

Намояндаи даъвогар — падари домод Рустам Қаҳҳоров дар ин мурофиа баёнот додааст, ки сабаби асосии бекор карда шудани ақди никоҳро дар набудани илоҷи барқароршавии оила мебинад. Зеро тӯли ин муддат писари ӯ Ф.Қаҳҳоров  ва шаҳрванд Ш.Акрамова моҳи январи соли 2010 бо никоҳи мусулмонӣ оила барпо кардаанд ва соҳиби як писар гаштаанд. Писараш Ф. Қаҳҳоров нияти дигар бо ин зан зиндагӣ накарданашро баён дошта, ду маротиба тавассути почта аризаашро, ки аз тарафи мақомоти нотариалии Федератсияи Россия тасдиқ карда шудааст, ирсол карда, талаб  намудааст, ки ақди никоҳаш бо ҷавобгар бекор карда шавад.

Ҷавобгар Д.Асророва дар маҷлиси судӣ ин аризаи даъвоиро эътироф накарда, розӣ набудани худро баён дошта, аз ҷумла зикр кардааст, ки шавҳараш ғайриқонунӣ дар ҳолати бо ӯ ақди никоҳ доштанаш хонадор шудааст ва ғайраву ва ҳоказо.

Суди шаҳрӣ бошад, тавре зикр шуд, даъвои Ф.Қаҳҳоровро тибқи дархости намояндаи ваколатдораш Р.Қаҳҳоров нисбати Д.Асророва дар бораи бекор кардани ақди никоҳ қонеъ гардонидааст.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди вилояти Суғд аз 8 январи соли 2013 аз рӯйи шикояти кассатсионии ҷавобгар Д.Қаҳҳорова аз болои ин ҳалномаи суд, аз 12 ноябри соли 2012, масъаларо баррасӣ карда, ҳукми судро бетағйир гузоштааст, яъне онро дуруст шуморидааст.

Даъвоҳои модари ҷавонзан Қумрӣ Асророва, ки дар мактуби шикоятиаш ба идораи рӯзнома ирсол доштааст, дар бораи он ки гӯё духтараш дар давоми ин ду сол ягон ёрии моддӣ нагирифтааст, низ асос надоранд.

Бино ба маълумотномаи иҷрочии калони Суди шаҳри Истаравшан Ҷ.А.Ҳоҷиев аз 15 январи 2003 таҳти №8 дар ҷараёни иҷрои санади судӣ аз тарафи қарздор Ф.Қаҳҳоров маблағи алимент ба манфиати ситонанда Д.Асророва то моҳи январи соли 2013 пурра пардохт шудааст.  «Кӯдакон бе манзил ва дар кӯча сарсон» гуфтани даъвогар низ чандон қобили қабул нест. Зеро, бинобар аризаи Қумрӣ Асророва моҳи августи соли 2012 дар асоси қарори раиси шаҳри Истаравшан ба тариқи истисно бидуни навбат ба номи духтари даъвогар Д.Асророва шаш сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин 17 январи соли 2011 Суди шаҳри Истаравшан парвандаи шаҳрвандиро бо даъвои Д.Асророва нисбати Ф.Қаҳҳоров ва ҳамҷавобгар Рустам Қаҳ-ҳоров «Оид ба маскун намудан ба манзили истиқоматӣ» баррасӣ намуда, онро қонеъ гардондааст.

Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба чунин натиҷа гирифтани кор  даъвогар, аниқтараш модари ӯ Қумрӣ Асророва, ки бино ба гуфтаи худаш дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Пошкент муаллимаи фанни таълими меҳнат шуда кор мекунад, розӣ намебошад.

Ӯ аз он ҷиҳат розӣ нест, ки падари набераҳояш ҳамагӣ моҳе 200 сомонӣ алимент мепардозаду кӯдакону модарашон сарпаноҳи алоҳидаи шахсӣ надоранд. Ҳарчанд қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифтаанд, қудрати сохтмон карданро надоранд. Аз ин рӯ, тақозо дорад, ки «ҳукумат барояшон хона сохта диҳад ё ин ки падари кӯдаконро маҷбур созад, ки ин амалро аз ҳисоби худ иҷро кунад»!?

Ин андеша аз нигоҳи ахлоқӣ шояд бамаврид бошад. Мо ин нуктаро ба виҷдони падари ин кӯдакони маъсуму бепадармонда ҳавола мекунем. Ҳаминро бояд зикр кард, ки ҳамоно модари даъвогар Қумрӣ Асророва ба ҳар идора ва мақомоти гуногун шикоят бурда, собиқ домоди худ ва падару модари ӯро гунаҳгор меҳисобад.

Бешубҳа, шикоят бурдан ҳуқуқи шаҳрвандии ҳар шахс аст ва қонун онро истисно намекунад. Ба ҳама гуна даъво ва арзу шикоят танҳо суд баҳои ҳуқуқӣ дода, ҳақро аз ноҳақ муайян мекунад. Ин нуктаро соҳиби даъво низ бояд донад.

 

Ҳусейни Назрулло,

 «Садои мардум»