16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯзи мубораку муқаддас мебошад, зеро дар ин рӯз чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, ба кор оғоз намуд. Ин неругоҳ бо иқтидори 3600 мегаватт (17 млрд. киловатт — соат) неруи барқ ба қатори 5 неругоҳи бузургтарини олам шомил мешавад. Маҳз ба ин хотир, аксари сокинони сайёра ҳушу гӯш бар самти Тоҷикистон буданд.
Ба хотири ифтитоҳи чархаи аввали «Роғун», меҳмонони олиқадр аз кишварҳои Афғонистону Покистон, Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Россия ва корпуси дипломатии муқими кишвар ба маҳали ифтитоҳи агрегати аввали неругоҳ омаданд.
… Зиёда аз 9 ҳазор корманди ин неругоҳ, ки шабонарӯзӣ дар ин иншооти аср хизмат кардаанд, бо кафкӯбиҳо мунтазири гардиши чархаи аввали «Роғун» ва тавлиди нур мебошанд. Чархболҳо фуруд меоянд ва Пешвои миллат бо матонату салобат ба самти пойгоҳи интиқолдиҳандаи неруи барқ равон шуда, онро ба кор медароранд. Чароғакҳо мунаввар мешаванд ва рамзи омодагии системаи қабули неру фурӯзон мегардад. Президенти кишвар бо кормандони заҳматқарини неругоҳ салому алейк ва суҳбати кӯтоҳ намуда, онҳоро ба ин рӯзи нек табрик менамоянд.
Пешвои миллат баъд аз дидору суҳбат бо меҳмонони хориҷӣ ба самти чархаи аввали неругоҳ равона гардида, бо пахши тугмаи рамзӣ онро ба кор медароранд. Чароғҳои ранга дар болои неругоҳ фурӯзон мегарданд, селаи кабӯтарҳо ва пуфакҳои рангоранг дар фазо чун рамзи озодию саодати миллат сайр мекунанд. Сокинон, тамошобинон ва кормандону меҳмонон ҳамагӣ шодию нишот доранд, якдигарро ба оғӯш гирифта, табрику таҳният менамоянд.
Намояндагони бузургтарин расонаҳои хабарии ҷаҳон лаҳза ба лаҳза аз ҷараёни маросими фаъолгардонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» хабару гузоришҳо пахш мекунанд. Яке аз 335 метр баландии садди «Роғун», дигаре аз 22 ҳазор корманди он мегӯяд, яке онро «маъбади нур», дигарӣ «муъҷизаи аср» ном мебарад. Ҳамчунин, дар гузоришҳо аз таърихи зиёда аз 40 сол пеш оғоз шудани сохтмони неругоҳ ёдовар мешаванд. Расонаҳои хабарӣ дар баробари таҳлил ва нишондодҳои рақамӣ аз талошҳо, созандагиҳои Пешвои миллати тоҷикон, ба сатҳи байналмилалӣ баровардану танҳо бо неруи дохилӣ сохтани неругоҳ қисса мекунанд ва бунёди «Роғун»-ро дар баробари сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, шукуфоиҳои Тоҷикистон аз хизматҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Яъне, ҷаҳон имрӯз оид ба бунёдкориҳои Эмомалӣ Раҳмон дар муқобили кӯҳи санг ва дарёи хурӯшону саркаш сухан мегӯяд.
Аммо, ин созандагию бунёдкориҳоро хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати Тоҷикистон ба хушӣ қабул надоранд. Аз ҷумла, пайравону сарварони ТТЭ ҲНИ ба ҷойи он ки аз ифтитоҳи «Роғун» хушҳолӣ намоянд, бо афкори радикалию инсонбадбинона дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба ин иншоот, Пешвои миллат, пайвандон ва аъзои Ҳукумат бадгӯйӣ менамоянд. Маълум, ки кӯрназарон аз равшанӣ ҳарос доранд. Ин фирқаи бадандешу бадгуҳар ба он назаранд, ки «Роғун» мояи ифтихор ва рекламаи Президент шудааст ё Президент бо ифтитоҳи чархаи аввали «Роғун» мехоҳад худро бори дигар муаррифӣ намояд. Албатта, мушаххас аст, ки дар саргаҳи ин таблиғоти носаҳеҳу нодуруст наҳзату наҳзатиён қарор доранд, ки мехоҳанд бо дурӯғбофию дурӯғсозӣ иттиҳоди миллатро барҳам зананд, бунёдкориҳоро нодида бигиранд ва худро дар муқобил қарор диҳанд. Аммо ин хабару гузоришҳои бардурӯғ барои миллати тоҷик манфиат ҳам доранд: Мо бори дигар дарк мекунем, ки нисбат ба миллат кӣ нақшаи нек ва кӣ ҳадафҳои муғризонаву бад дорад. Пас, насли ҷавону худогоҳ бояд дарк намояд, ки кӣ неруи созандагӣ дорад ва кӣ тафаккури бозингарӣ…
Абдулло Фарҳодӣ, таҳлилгар