Дар мамлакат шумораи гирифторони бемории диабети қанд меафзояд. Аксари беморон аз ташнагӣ ва нӯшидани оби зиёд, аз гуруснагӣ ва зуд — зуд тановул кардани хӯрокиҳо, аз фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, аз табобат наёфтани захми хурдтарини узвҳои бадан шикоят доранд, ки ин ҳама таъсири манфии диабети қанд аст.
Дар ин маврид суҳбат доштем бо Лола Масаидова, мудири шуъбаи бемориҳои қанди Маркази тиббии шаҳри Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, диабети қанд бемории музмин буда, дар ҳолати кам ва ё тамоман хориҷ нашудани инсулин дар ғадуди зери меъда ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа, миқдори қанд дар хун зиёд шуда, беморӣ авҷ мегирад.
Ҳанӯз дар замони пеш аз мелод Гипократ, ки табибон ҳанӯз бо номи ӯ савганд ёд мекунанд, ташхиси диабети қандро ба воситаи санҷидани таркиби пешоб гузаронда буд. Бино ба ташхиси ӯ, агар ширинӣ дар таркиби пешоб зиёд гардад, пас шахс мубталои диабети қанд аст. Чиниҳои қадим низ муайян карда буданд, ки ҳангоми гирифторӣ ба ин иллат таркиби пешоб тағйир меёбад ва барои санҷидани он аз магасҳо истифода мебурданд.
- Бо мақсади пешгирӣ намудани диабети қанд дар кишвар, пеш аз ҳама, сатҳи донишу маърифати тиббии аҳолиро бояд баланд бардошт. Аз сабаби он ки аксари сокинони кишвар хӯрокҳои серравған, хамирӣ, бирёншуда, аз ҷумла кабоб, оши бурида, самбӯса, гӯштбирён, мурғбирён, мантуро бештар истеъмол мекунанд, хавфи хурӯҷи он дучанд меафзояд. Барои эмин будан зарур аст, ки аз истеъмоли ҳаррӯза ва ё зиёди хӯрокҳои номбаршуда худдорӣ намоянд, — изҳор дошт Лола Масаидова.
Бахусус, пас аз хӯрдани хӯрок каме давр задан, ҳавои тоза баромадан, баъди 25 — 30 дақиқаи хӯрокхӯрӣ нӯшидани нӯшокиҳо, махсусан шарбати мева, аз тамокукашӣ даст кашидан, метавонад хавфи гирифторӣ ба диабети қандро кам кунад.
- Камҳаракатӣ, — афзуд Лола Масаидова, — яке аз омилҳои асосии пайдо шудани диабети қанд дар организм аст. Вақте ба варзиш ва тарбияи бадан кас машғул нест, пас аз хӯрокхӯрӣ хоб мекунад, ба вижа шабҳо саргарми тамошои телевизору компютер шуда, қариб ки ҳаракати ҷисмонӣ намекунад, на танҳо диабети қанд, балки бемориҳои дигар низ ба организми ӯ таҳдид мекунанд.
- Мо табибон ба он мекӯшем, ки бемори наздамон омада аз хизмати мо норозӣ наравад, зеро ӯ баҳри шифо ёфтан бо умед меояд. Мо бо такя ба таҷрибаи бойи ҳамкасбону устодон роҳҳои бидуни доруворӣ табобат кардани касалии қандро нишон медиҳем. Мекӯшем, то сарчашмаи пайдоиш ва хурӯҷи онро маълум намоем. Зеро аз табобати дард дида, пешгирии он осонтару мақсаднок аст, — таъкид кард Лола Масаидова.
Гирифторони беморӣ аксар вақт рӯҳафтода гашта, ба табобат талош намекунанд. Фикр мекунанд, ки гӯё аз ин беморӣ дигар халосӣ нест. Аммо дар таркиби хуни ҳама қанд ҳаст, вале меъёри зарурии онро нигаҳ доштан аз худи шахс вобаста аст. Чӣ тавре аз мақоли машҳури мардумӣ маълум аст: «Табиби ҳар кас худи ӯст».
Фаршеди МАРДОН