Тандурустӣ

Камҳаракатӣ боиси беморӣ мегардад

№106 (3900) 30.08.2018

123123Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмониву варзиш, оммавигардонии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари аҳолии мамлакат ба соҳа тадбирҳои судманд андешида, баҳри мунтазам инкишоф ёфтани он шароити заруриро фароҳам овардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар суҳбату мулоқот бо аҳолӣ мардумро пайваста ба интихоби тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш талқин мекунанд. Дар яке аз ин суханрониҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «варзиш — гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, барои беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа ва парвариши насли солиму неруманд аҳамияти бузург дорад».

Дар гузашта ягон ҷашни миллӣ бе давидану ҷаҳидан,  гурзпартоиву камонварӣ, асп­давонию чавгонбозӣ, гӯштину шиноварӣ ва дигар навъҳои варзиш доир намегашт. Ба ақидаи ниёгон, ҷавонмарди ҳақиқӣ, ки масъулияти нигоҳбонии марзу бум ва хонаводаро ба уҳда дорад, ҳатман бояд ҳунарҳои варзишӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш мекарданд, ки ба фарзандон аз овони хурдсолӣ ин ҳунарҳоро омӯзонанд. Иқдоми мазкур боз аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон аз қадим варзишро беҳтарин воситаи солим нигоҳ доштани тану рӯҳ медонистанд.

Биёед, ба зиндагии имрӯза назар афканда, рӯзгори як зани хонашинро дар шаҳр мисол биёрем. Ӯ хонаро бо чангкашак тоза мекунад, либос ва зарф­ҳояшро тавассути дастгоҳҳо мешӯяд. Бисёранд ҳолатҳое, ки онҳо хӯрок ва нонро барои аҳли оила аз тарабхонаву ошхона ва дигар нуқтаҳои савдо фармоиш медиҳанд.

Тараққиёти техника зиндагии одамонро аз як ҷиҳат осон намуда бошад, аз тарафи дигар, сабаби камҳаракатии онҳо гардидааст. Камҳаракатӣ ба зиёдшавии вазн ва гирифторӣ ба ҳар гуна беморӣ оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, рӯ овардан ба тарзи ҳаёти солим, ки машғул шудан ба варзиш як ҷузъи он аст, хеле муҳим мебошад.

Варзиш ба саломатии инсон аҳамияти бузург дорад. Тавре Абӯалӣ ибни Сино фармудааст: «Агар солиму бардам, тавонманд будан хоҳед ва агар нахоҳед, ки ба муоинаи табибу истеъмоли дору ниёз дошта бошед, пайваста ба варзиши бадан машғул шавед».

Ҳангоми сафар ба кишварҳои мутараққии ҷаҳон мушоҳида менамоем, ки чӣ гуна одамон ҳар пагоҳирӯзӣ ба таври оммавӣ дар майдонҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба варзиш машғул мешаванд. Хусусан дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки мардумаш умри дароз мебинанд ва ҳамеша аз синни доштаашон ҷавонтар менамоянд, ин анъана хеле ривоҷ ёфтааст. Хушбахтона, дар давлати соҳибистиқлоли мо низ барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар чанд соли охир аз ҳисоби Буҷети давлат барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи варзиш, сохтмон ва навсозии иншооти варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маблағҳои зиёд ҷудо гардид. Имрӯзҳо низ бунёд, таъмиру таҷдиди иншооти мазкур босуръат идома доранд.

Сол то сол дар мамлакат шароити машғул шудан ба варзиш беҳ мегардад. Мутаассифона, ҳанӯз як қисми шаҳрвандон дар ин ҷода фаъол нестанд ва ба варзиш ҷиддан машғул намегарданд. Аз ин бармеояд, ки дар ин бора огоҳии кам доранд, яъне дар ин самт корҳои тарғиботӣ хуб ба роҳ монда нашудааст.

Масалан, дар шаҳри Душанбе соли 2017 зиёда аз 70 майдонча ва маҷмааи варзишӣ сохта шуда буд. Имсол бошад, бунёди беш аз 90 адад иншоот дар нақша аст. Дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт имрӯз барои гузаронидани машқҳои пагоҳирӯзӣ тамоми шароит муҳайёст. Дар онҳо дастгоҳҳои махсуси варзишӣ насб шудаанд, ки мардум метавонанд аз онҳо ҳангоми машқи бадан бемалол истифода баранд. Аммо, тавре мушоҳида менамоем, аз ин шароити фароҳам самаранок истифода бурда намешавад. Хуб мебуд, ки аҳолӣ, бахусус занҳои хонанишин, ки фурсати бештар доранд, ба ин макон бо фарзандон омада, ба машқи бадан машғул гарданд.

Дар пайравӣ ба шаҳри Душанбе дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бояд иншооти варзишии замонавӣ сохта, баҳри ҷалби мардум ба варзиш тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Боиси хушҳолист, ки бо дас­туру ҳидоятҳои Пешвои миллат имрӯз эҳсонкорон иқдоми хуб роҳандозӣ намудаанд. Онҳо аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд. Боз ҳам беҳтар мебуд, агар онҳо ин амали некро минбаъд низ ривоҷ диҳанд.

Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро зарур аст, ки муассисаҳои таълимиро бо китобҳои дарсӣ оид ба фанни тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим таъмин намуда, барои муассир гаштани дарсҳо бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ усулҳои нав роҳандозӣ намояд. Ба касе пӯшида нест, ки баъзе аз роҳбарони муассисаҳои таълимии мамлакат омӯзиши ин фанро «дуюмдараҷа» меҳисобанд. Аммо, таҷриба нишон медиҳад, ки дар ташаккули маънавию ҷисмонии хонандагон ин фан нақши муҳим дорад.

Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаё­ти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан бояд яке аз мавзӯъҳои асосии воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ гардад. Дар ин ҷода, бахусус, телевизионҳо, нақши бузург гузошта метавонанд.

Биёед, аз шароити фароҳамоварда самаранок истифода бурда, ба варзиш, машқи бадан, ки шарти асосии тарзи ҳаёти солим аст, машғул шавем, то солимии худу фарзандонро таъмин созем.

Хосият МУЛЛОЕВА, духтури тарзи ҳаёти солими Маркази шаҳрии муоина ва назорати тиббии варзишгарон