- Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат, сарфи назар аз таъсири буҳрони доманзадаи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, мушкилот ва омилҳои манфии ба рушди иқтисодиёт таъсиркунанда, бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда, бо мақсади нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, хусусан соҳаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ғанӣ гардонидани буҷет, пурсамар ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор тадбир ва чораҳои зарурӣ андешидааст, — ба чунин хулоса расидем мо, хабарнигорони рӯзномаи «Садои мардум» баъди суҳбат бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир, ки дар атрофи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар нуҳ моҳи соли 2015 сурат гирифт.
- Буҳрони молиявию иқтисодии идомаёбандаи ҷаҳонӣ ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдат низ бетаъсир намонд, зеро мо ҳам ҷузъи ҷудонашавандаи олами муосир ҳастем,- суҳбатамонро ҳусни оғоз бахшид Раҳмоналӣ Амирзода. — Бо вуҷуди ин ҳама, мо бо истифода аз имкону захираҳо, дуруст роҳандозӣ кардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ кӯшиш кардем, ки нақшаҳои тарҳрезишударо ба иҷро расонем. Мо муваффақ шудем, ки иҷрои нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоиро ба андозаи 104 фоиз таъмин намоем. Хеле саъй кардем, ки қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ низ иҷро шаванд, вале буҳрони доманзада ба иҷрои ҳадафҳоямон каме монеа эҷод кард. Аз 11 намуди андози маҳаллӣ нақшаи ду намуди андоз, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони қаъри замин, иҷро нагардид. Иҷро нашудани нақшаи ин намуди андозро ба он хотир таъкид намудам, ки нақшаи нуҳмоҳаи андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ 35,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 46 фоизи нақшаи қисми даромади буҷетро ташкил медиҳад.
Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ваколатҳояшонро амалӣ намуда, кори шоёну назаррас анҷом доданд. Аз ҷумла онҳо дар давоми нуҳ моҳ нақшаи ҷамъоварии андозҳоро ба қадри 106 фоиз таъмин карда, ба буҷети маҳаллӣ 2371 ҳазор сомонӣ маблағ ворид сохтанд, ки аз нақша 130 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи замин, назорати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, андешидани чораҳо оид ба беҳбудии шароити манзилию маишии аҳолӣ, ҳифзи саломатӣ, муҳофизати муҳити зист, нигоҳдорӣ ва ободонии роҳҳо, кӯчаю деҳаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, бақайдгирии оилаҳои камбизоат ва ташкили дастгирии онҳо, ҳамчунин мусоидат дар ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ кори заруриро ба сомон расониданд.
- Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ соҳаҳои истеҳсолӣ хуб фаъолият карданд, — бо қаноатмандӣ изҳор намуд раис. — Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 52800 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11098 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ҳам афзуда, ба 158717 ҳазор сомонӣ расид. Гардиши чаканаи мол нисбат ба соли гузашта нуҳ фоиз афзоиш ёфт.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор 3966 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки ин аллакай баробари 94 фоизи нақшаи солона мебошад. Бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳанда бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна 84 миллион сомонӣ қарз ҷудо карданд. Музди миёнаи меҳнат низ афзуд ва ба 677 сомонӣ баробар гардид.
Аз раиси шаҳри Ваҳдат доир ба натиҷаҳои фаъолияти кишоварзон, ки аз маҳсули меҳнати онҳо қисмати зиёди сокинони пойтахти ҷумҳурӣ баҳра мебаранд, пурсон шудем. Раҳмоналӣ Амирзода дар посух иброз дошт:
- Пешрафти соҳаи кишоварзӣ омили муҳими таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад ва масъалаи истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи кишоварзон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади гузоштани саҳми сазовор дар таъмини амнияти озуқаворӣ соли 2015 деҳқонон дар майдони 16999 гектар зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ, аз ҷумла ғалладонаю маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, сабзавот, пахта, зағер, офтобпараст ва зироатҳои хӯроки чорво кишт намуданд.
Дар ин давра ҳама сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 395048 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 402 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ майдони 8165 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳоро дарав карда, 22725 тонна ғалла (ба ғайр аз ҷуворимакка) истеҳсол намуданд ва ҳосилнокии майдони ғаллазорро афзун сохтанд. Ҳамин тариқ, ба ҳолати 1 октябр 28231 тонна ғалла, 954 тонна зағер, 17109 тонна картошка, 47422 тонна сабзавот, 2214 тонна полезӣ, 11018 тонна мева, 5570 тонна ангур, 29753 тонна хӯроки чорво (бо воҳиди хӯрока), 6351 тонна гӯшт (бо вазни зинда), 13519 тонна шир, 112,9 тонна асал ва дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, нисбат ба соли гузашта афзоиш таъмин гардид.
- Бунёди боғу токзори нав дар маркази диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дорад, — идома дод суҳбатамонро Раҳмоналӣ Амирзода ва афзуд, ки хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии инфиродӣ давоми ин муддат 65,8 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки 49,8 гектари он боғ ва 16 гектари боқимонда токзор буда, нисбат ба нақшаи тарҳрезишуда 39,8 гектар зиёд аст. Гузаронидани «Иди асал» дар шаҳри Ваҳдат ба ҳукми анъана даромадааст. Ин ҷо мехоҳам аз натиҷаҳои хуби занбӯриасалпарварони деҳоти ба номи Б. Бурунов, А. Абдулвосиев, К.Исмоилов, «Симиганҷ» ва «Гулистон» ёдовар шавам, ки онҳо дар озмуни ҷумҳуриявии «Иди асал» низ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва ҷоизаҳо шуданд.
Чорводорон давоми ин муддат ба зиёд кардани саршумори чорвои калон, бузу гӯсфанд, паранда ва асп ноил гардиданд. Барои нигоҳубин ва зимистонгузаронии чорво 41611 тонна хӯроки дурушт омода шудааст, ки нисбати як сол пеш 4205 тонна зиёд аст.
- Мо ба кишти такрории зироат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоем. Бо мақсади иҷрои дурнамо кишоварзон дар майдони 3694 гектар (бе аҳолӣ), аз ҷумла ҷуворимакка ҳам барои дон ва ҳам барои силос, мош, шолӣ, офтобпараст, картошка ва сабзавот кишт намуда, имрӯзҳо ба ҷамъоварии зироат, шудгор ва кишти тирамоҳӣ машғуланд, — изҳор дошт раис.
Аз суҳбат бо раис ҳамчунин маълум шуд, ки ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуналӣ барои ҳиссагузорӣ дар пешрафти шаҳри Ваҳдат саъю талош доранд. Бо мақсади сабзу хуррамгардонии маркази шаҳр 445 бех ниҳоли дарахт ва 11 ҳазор бех ниҳоли гул, ҳамчунин бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва назорати доимии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди шаҳр 64 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан шинонидаанд.
Тӯли нуҳ моҳи сипаришуда зиёда аз ҳафт километр роҳ аз таъмири асосӣ ва беш аз 170 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ баромад.
Корҳои сохтмонӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат ҷӯш мезанад. Тайи ин муддат ба маблағи 160,2 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 3,1 баробар зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ин давра корхонаи сементбарории «Тоҷ Чайна», роҳи дутарафаи кӯчаи Сомониёни маркази шаҳр, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳаи Тангаӣ, биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Ҳуснободи деҳоти «Гулистон», деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Р. Исмоилов, деҳаи Яфрак ва хобгоҳ барои омӯзгорон дар деҳаи Варваи деҳоти «Ромит» мавриди истифода қарор дода шуданд. Миқдори умумии иншооти барои истифода қабулшуда тӯли ин муддат 68 ададро ташкил дод.
- Дар шаҳри Ваҳдат баҳри рушди соҳибкорӣ шароити хуб муҳайёст,- идомаи суҳбатамонро ба дигар самти муҳими хоҷагидорӣ мебарад Раҳмоналӣ Амирзода ва ба суханҳояш илова мекунад: — Маҳз чунин дастгирӣ буд, ки дар маркази шаҳр ва маҳалҳои атрофи он бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ, манзилҳои истиқоматӣ ривоҷ ёфт. Идомаи сохтмони биноҳои истиқоматии сенздаҳошёна дар кӯчаи Рӯдакӣ ва 26- ошёна дар маҳаллаи Роҳатӣ намунаҳои беҳтарини рушди соҳибкорӣ мебошанд. Ҳамчунин давом ёфтани сохтмони як қатор биноҳои баландошёна дар маркази шаҳр, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, боғи фарҳангу фароғат ва чандин биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарак медиҳанд.
Маорифчиёни шаҳр баҳри пурра ба таълим фаро гирифтани хонандагон, хусусан духтарон, беҳдошти сифати таълим, пайдо намудани роҳу усулҳои фаъолгардонии хонандагон, таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кадрҳои соҳибмаълумот ва баланд бардоштани маърифати касбомӯзии хонандагон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар оғози соли таҳсили нав ба нафақа гуселонидани 36 нафар омӯзгорони аз 70 — сола боло, сафарбар шудани 63 нафар омӯзгорони ғайриихтисос барои гирифтани маълумоти дуюми омӯзгорӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва 40 нафар омӯзгорони бо маълумоти миёнаи умумии деҳоти «Ромит» барои таҳсил ва соҳиб шудан ба маълумоти миёнаи махсус ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе аз ҷумлаи ҳамин гуна тадбирҳо мебошанд.
Тӯли ин давра гурӯҳҳои кории Раёсати маориф дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ, бо худ наовардани телефонҳои мобилӣ, ҷилавгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави экстремистӣ, аз байн бурдани тамоюлҳои бегонапарастӣ кори зиёди фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
- Мардуми шаҳри Ваҳдат меҳнатқарин ва дӯстдори диёри хешанд ва барои афзун намудани комёбиҳо дар ҳама соҳаҳо ҳар чӣ бештар саъй мекунанд. Ҳодисаи нангини субҳи 4 — уми сентябр ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ҳамла овардани гурӯҳи ҷиноятпешагон ва хоинони Ватан, ки мехостанд вазъи осудаю ороми ҷумҳуриамонро халалдор созанд, сокинони шаҳри Ваҳдатро боз ҳам муттаҳид сохт ва онҳо ба саркардагони ин ҷинояти мудҳиш лаънат ва нафрат хонданд.
Мо — роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо, идора ва хоҷагиҳои шаҳр садоқати хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар изҳор намуда, намегузорем, ки ягон гурӯҳи ҷиноятпеша, хоини миллат зиндагии осудаҳолонаамонро, ки аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омадааст, халалдор созад. Мардуми ватандӯст, заҳматпешаи шаҳри Ваҳдат баҳри ободии Ватан камар бастаанд ва дар афзун намудани дастовардҳои даврони истиқлолият саҳми муносиб ва арзанда мегузоранд, — гуфт дар ҷамъбасти сухан раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир.
Ҷумъахон НАБОТОВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»