КАСБ. ОНРО ЧӢ ГУНА БОЯД ИНТИХОБ КАРД?

№62 (3542) 14.05.2016

Низому раванди интихоби касб барои иҷрои вазифаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯза ва ояндаи ҷомеа, яъне тайёр кардани кормандони соҳибкасбу лаёқатманд, расонидани кумаки амалӣ ба ҷавонон ва шахсони бекор аҳамияти калон дорад. Зеро интихоби бошуурона ва дурусти касб ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дар зиндагӣ мавқеи устувору арзандаро ишғол кунанд, ба нафъи халқу кишвар бо майлу рағбати том ва босамар хизмат намоянд.

Тавре таҷрибаи ҳаёт  исбот кардааст, интихоби мустақилона ва озодонаи касб шахсро ба қуллаҳои баланд мерасонаду бемасъулиятона ва нодуруст пеша кардани он боиси дилмондагию пушаймониҳо мегардад.

Интихоби бошууронаи касб низоми илман асоснок, озоду мустақилона буда,  дар омодасозии  ҷавонон ба ояндаи шукуфону дурахшон омили муҳим маҳсуб мешавад.

Бинобар ин, раванди интихоби касбро аз як тараф ҳамчун қисми таркибии пешбинии иҷтимоӣ, аз ҷиҳати дигар чун натиҷаи ниҳоии он маънидод метавон кард, зеро пешбинии иҷтимоӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ихтисосро бошуурона, бо эҳсоси вазифаи шаҳрвандии худ ва маъсулиятшиносӣ интихоб намоянд. Ба ибораи дигар, тайёрӣ ба интихоби касб қисми таркибии рушду камолоти ҳамаҷониба ва тадриҷии ашхос буда, онро дар якҷоягӣ ва алоқамандӣ бо такомули ахлоқию маънавӣ, меҳнатӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонии шахсият баррасӣ бояд  кард.

Аҳамияти иҷтимоию иқтисодии касбинтихобкунии ҷавонон дар шароити бозор дар алоқамандӣ бо сабаб ва омилҳои зерин меафзояд:

- талаботи ҷомеаи имрӯза бо кормандони соҳибҳунар зиёд мегардад;

- эҳтиёҷоти маънавӣ ва шавқу рағбати шахсе, ки касби худро интихоб менамояд, тамоюли афзоишро касб мекунад;

- ҷавононе, ки ба «синни меҳнатӣ» қадам мегузоранд, манбаи асосии ба қувваи корӣ таъмин кардани бозори меҳнат мегарданд;

- таносубияти захираҳои меҳнатӣ зиёд  мегардад;

- дар натиҷаи пешрафти босуръати илму техника касбу ҳунарҳои наве ба вуҷуд  меоянд, ки донишу малакаи мукаммал ва сифатҳои махсуси рӯҳию  ҷисмониро тақозо  менамояд;

- фарқияти байни корҳои ҷисмонӣ ва фикрӣ торафт камтар мешавад ва кори ҷисмонии одӣ, масалан, идоракунии дастгоҳу таҷҳизот донишу малакаи  заруриро  талаб  мекунад. Чунин касбҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, литсею коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои  таълимӣ  омӯзонида мешавад.

Соли 2015 аз ҷониби мақомоти  шуғли  аҳолии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии   Тоҷикистон  17297 нафар  ҷавони аз 15 то 29 — сола ба ҷойи кор таъмин гардида, дар муассисаҳои таълимии мақомоти шуғли аҳолӣ  бошад, 12130 нафар ҷавон ба касбомӯзӣ  ҷалб  гардиданд.

Барои интихоби касб имрӯз бисёр ҷавонон ба куҷо муроҷиат карданро  намедонанд. Бояд гуфт, ки дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази  ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ» фаъолият мекунад, ки он барои дуруст интихоб кардани  касб ба ҷавонон ёрӣ мерасонад. Соли гузашта аз ҷониби муассисаи мазкур ба 3661 нафар ҷавон кумак  расонда  шуд. Қобили зикр аст, ки маркази мазкур барои раҳнамоӣ намудани ҷавонон дар интихоби касб нуқтаҳои машваратиро зиёд намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти шуғли аҳолӣ, муассисаҳои ибтидоии касбӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейю коллеҷҳо ва дигар корхонаҳо корҳои назаррасро анҷом медиҳад.

Ҳамрадиф бо омилҳои зикршуда марказ бояд бо ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо робитаи зич дошта, дар  мавзӯъҳои «Дарёфти ҷойи кор», «Омилҳои асосии болоравии истеҳсолот» тадқиқоти сотсиологӣ  ва дигар чорабиниҳоро гузаронад. Илова бар ин, аз ҷониби марказ доир намудани машваратҳои методӣ, маслиҳату машваратҳои гурӯҳӣ ва фардӣ бо ҷавонону бекорон натиҷаҳои хуб ба бор  хоҳад овард.

 

Файззода Раҳматулло  Нусратулло, корманди Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон