Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ то 28 майи соли равон дар 26816 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки анқариб 70 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ВМКБ 782 — гектар (41,2%), вилояти Суғд — 10998 гектар (57,7%), вилояти Хатлон — 6205 гектар (97,7%) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 8831 гектар (72,6%) картошка кишт шуд.
Сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Кароматулло Саидов иброз дошт, ки вазорат ҷиҳати таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати картошка ҳамкориро бо пажӯҳишгарони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили Фонди Оғохон, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид тавсеа бахшиданд.
Қобили зикр аст, ки бо назардошти паҳн шудани бемории сироятии коронавируси нав – COVID-19 таваҷҷуҳ ба истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ҷумҳурӣ бештар гардида, ин масъала мадди назари масъулин аст.
М. УСМОН, «Садои мардум»