Бисту ҳаштуми майи соли равон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд, ки бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» аз 20 то 22 июни соли равон баргузор мегардад, брифинг доир шуд. Дар он намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилоти минтақавию байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода доир ба конференсия маълумот дода, изҳор дошт, ки дар ифтитоҳи он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар чорабинӣ зиёда аз 1000 нафар аз 100 кишвари ҷаҳон, дар сатҳи роҳбарони давлатҳову ҳукуматҳо, роҳбарон ва намояндагони идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳо, инчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ташкилоти байналмилалии молиявӣ, шарикон оид ба рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, институтҳои илмиву тадқиқотӣ ва ғайра иштирок мекунанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»