1 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Шӯрои Аврупо дар мавзӯи «Абзорҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар партави стандартҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ» конфронс баргузор гардид.
Дар он вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, роҳбари намояндагӣ ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, директори Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои Шӯрои Аврупо Клаус Нойкирх (ба тариқи маҷозӣ), намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
- Иттиҳоди Аврупо барои шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи инсон Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ «қаҳрамон»-и амалинамоии ин лоиҳа маҳсуб мешавад», — зикр кард роҳбари намояндагӣ ва сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис.
Конфронси мазкур дар доираи Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2020 — 2023 ташкил карда шуд. Ҳадафи асосии барномаи мазкур беҳтаргардонии ҳаёти шаҳрвандон бо роҳи тақвияти ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти ҳуқуқ мутобиқи стандартҳои аврупоӣ ва дигар стандартҳои байналмилаӣ мебошад. Инчунин, конфронс дар иртибот ба маъракаи солонаи байналмилалии «16 рӯзи амал бар зидди зӯроварии гендерӣ» (25 ноябр -10 декабр) ва Рӯзи ҳуқуқи инсон -10 декабр баргузор карда шуд. Мавзӯъҳои асосии конфронс мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва ҳифзи ҳуқуқи инсон буданд, ки дар ин доира муҳокимаҳо низ сурат гирифт.
Инчунин, зикр шуд, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 амалӣ шуда истодааст ва он барои рушди ҳаёти ҳуқуқи ҷомеа, таҳкими пояҳои низоми ҳуқуқӣ, таҳияи қонунгузорӣ бо дарназардошти рушди устувори ҷомеа, таҳкими соҳибихтиёрии давлат, идораи давлатӣ, рушди ҳаёти ҳуқуқӣ, ворид шудани Тоҷикистон ба фазои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»