Он дастрасӣ ба адолати судиро зина ба зина таъмин менамояд
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ» тасдиқ шуд, ки мақсади он таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар асоси барномаи зикршуда Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон қабул гардида, барои татбиқи он Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати
адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Хабарнигори рӯзнома бо директори он Лоиқ Нусратов
дар бораи фаъолияти муассиса суҳбат намуд.
- Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» барои таҷрибакунонии моделҳо ва ташкили бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва муайян кардани модели самаранок ва камхарҷ оид ба ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа, инчунин, муқаррар кардани механизми муносиб барои расонидани ёрии ҳуқуқии ихтисосноки дуюмдараҷа аз ҷониби адвокатҳо таъсис ёфта, айни ҳол дар 34 шаҳру ноҳияи кишвар фаъолияти бюроҳои давлатии ҳуқуқиро роҳандозӣ намудааст, — иброз дошт дар оғози суҳбат Л. Нусратов ва афзуд: — Вазифаҳои муассиса аз ноил шудан ба таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ барои аҳолӣ, расонидани ёрии ҳуқуқии ихтисоснок, ҳалли масъалаҳо то муроҷиат ба суд ва маҳви бесаводии ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.
Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ҳуқуқи конститутсионӣ буда, ҳатто дар шароити ҳолати фавқулода маҳдуд карда намешавад. Бо мақсади таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ислоҳот гузаронида шуда, ислоҳоти низоми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон яке аз онҳо мебошад. Мақомоти давлатӣ ба шаҳрвандон ҳангоми муроҷиаташон иттилооти ҳуқуқӣ пешкаш менамоянд. Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷети давлатӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳо дастгирӣ мешаванд. Дар назди шуъбаҳои Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабулгоҳҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо низ марказҳои буҳронии ҷумҳуриявӣ мавҷуд буда, ба шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд. Илова бар ин, ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолии камбизоат дар доираи лоиҳаҳои гуногун аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои донорҳои байналмилалӣ расонида мешавад.
Бояд гуфт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ки 18 марти соли 2015 қабул гардидаст, асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолати давлатии амалигардониашонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Дар он кафолатҳо барои кӯдакони ятим, бепарасторон, маъюбон ва дигар кӯдакон, ҳуқуқҳо ба таҳсил, таъминоти тиббӣ, иҷтимоӣ ва дигар таъминот дарҷ шудаанд. Дар моддаи 41 қонун, аз ҷумла, кафолатҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба кӯдакони ятим ва бепарастор пешбинӣ шудааст.
Инчунин, тағйироти воридшуда ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба содакунии расмиёти фарзандхонӣ равона шудаанд, тартиби фарзандхонии кӯдакони ятимро содатар намуд. Тибқи тағйироти қабулгардида, падару модари эҳтимолӣ аз пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми баррасии аризаашон оид ба фарзандхонӣ аз ҷониби судҳо озод мебошанд. Ҳамчунин, ин тағйирот барои сода гардонидани расмиёти фарзандхонӣ равона шудааст, зеро монеаи асосӣ дар роҳи падархондҳо мақомоти васият ва парасторӣ буданд, ки оид ба кӯдаконе, ки ба фарзандхонӣ ниёз доштанд, маълумоти начандон даркориро пешниҳод мекарданд. Акнун таъсис додани феҳристи ягонаи ҷумҳуриявии ятимони кишвар дар сурати ошкоро ва дастрас буданаш барои падархондҳо ба тезонидани суръат ва сода кардани расмиёти фарзандхонӣ имкон медиҳад.
- Барои ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа бештар киҳо муроҷиат менамоянд?
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин намуди ёрӣ бештар занҳо муроҷиат мекунанд ва ин ҳолат шаҳодат медиҳад, ки занҳо қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд. Чунончӣ, шумораи барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиаткунандаҳо дар вилояти Суғд 10466 нафар (54 фоиз), вилояти Хатлон — 5753 (29 фоиз), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 2801 (14 фоиз) ва ВМКБ 528 нафар (3 фоиз)-и теъдоди умумиро ташкил намуданд. Онҳо аксаран бо масъалаҳои муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ, аз ҷумла вобаста ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ, масъалаҳои никоҳи шаҳрвандӣ ва динӣ, бастан ва бекор кардани он, алимент, ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модарон ва фарзандон, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон, тақсими моликият, фарзандхонӣ муроҷиат кардаанд.
Ба бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ шаҳрвандон, ҳамчунин, бо масъалаҳои барҳамдиҳии хоҷагии деҳқонӣ (баромад аз хоҷагии деҳқонӣ), бекор кардани ҳуқуқи истифодаи замин, иҷораи қитъаи замин, мушкилиҳои ҳузур надоштани деҳқонон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳифзи ҳуқуқи истифодаи замин ва баррасии баҳсҳои замин, тартиб ва шартҳои пешниҳоди замин, тартиби таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ва мушкилиҳои бо андозбандӣ алоқаманд муроҷиат намудаанд.
Аз машваратҳое, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон оид ба рӯёнидани алимент пешниҳод шудаанд, маълум гардид, ки сабабҳои напардохтани алимент гуногун мебошанд. Аз ҳама бештар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани алиментсупоранда, вазнин будани вазъи молиявии ӯ, дар муносибатҳои ғаразнок қарор доштани собиқ ҳамсарон, бемасъулиятии алиментсупоранда ва ғайра. Рӯёнидани алимент бо сабабҳои зикршуда имконпазир аст, аммо агар қарздор барои муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар барояд, пас алиментгиранда дар ҳолати мушкили иқтисодӣ қарор мегирад. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари асосии муҳоҷирати меҳнатӣ Федератсияи Россия мебошад. Барои иҷрочии суд муайян кардани ҷои истиқомати доимӣ ва ҷойи кори қарздор мушкил аст, то ин ки ба воситаи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 54 Конвенсия оид ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ ҳалномаи судро барои эътироф кардан ва иҷрои он ба Федератсияи Россия фиристад. Қарздорони муҳоҷир дар Федератсияи Россия аксар вақт ҷои кор, ҷойгиршавӣ, маҳали маскуншавиро дигар мекунанд ва худро ба қайд намегиранд. Ҳамаи ин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро поймол мекунад ва ӯро аз дастгирии моддӣ аз ҷониби падар маҳдуд менамояд.
Дар моддаи 421 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» меъёре мавҷуд аст, ки дар сурати иҷро накардани ҳалнома дар бораи пардохти алимент, он муваққатан берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромаданро маҳдуд намояд.
Дар қисми якуми моддаи 1 қонун қонунгузор иҷозат медиҳад, ки дар сурати бе сабабҳои узрнок иҷро накардани талаботи ҳуҷҷати иҷро дар асоси аризаи ситонанда ё бо ташаббуси худ дар бораи маҳдуд кардани алиментсупоранда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан қарор қабул намояд.
Таҳлили иҷрои консепсия, ҳамчунин, муайян намуд, ки дар масъалаи маскун намудан ба манзили истиқоматӣ низ мушкилӣ мавҷуд аст. Инчунин, нишон дод, ки бо чунин мушкилот танҳо заноне, ки собиқ ҳамсарони соҳиби хона ё аъзои оилаи соҳиби онҳо мебошанд, муроҷиат мекунанд.
Пас аз пайдоиши муноқишаҳои оилавӣ дар оила ё бад шудани муносибатҳои ҳамсарон, дар аксар мавридҳо, ҳамсаронро якҷо бо кӯдакони хурд аз хонаи шавҳар ё волидони ҳамсар меронанд. Ин категорияи занон бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ ва надоштани манзили дигар барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат менамоянд.
- Таҷриба кардани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа чӣ гуна ҷараён дорад?
- Дар дастгоҳи марказии муассиса бахши махсус ташкил шуда, ҳуҷҷатҳои муваққатие, ки ин равандро ба танзим медароранд, дар мувофиқа бо мақомот, вазорату идораҳо (яъне субъектҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа), таҳия ва қабул гардиданд. Консепсия таҷрибакунонии ду модели ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷаро низ пешбинӣ менамояд, ки тавассути маркази ҳамоҳангсозӣ ё тамос (колл-сентр) дар назди Вазорати адлия амалӣ карда шавад. Аз соли 2017 муассиса таҷрибакунонии расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаи ройгонро дар ҳама шаҳру ноҳияи интихобшуда оғоз намуд.
Бояд тазаккур дод, ки раванди расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа, хусусан дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ, басо мушкил буда, бе ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, прокуратура, суд ва дигар субъектҳои раванд имконнопазир аст. Дар давраи таҷрибакунонии консепсия, ҳангоми боздошти воқеии шахс, оғози парвандаи ҷиноятӣ, татбиқи чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, баррасии парвандаҳо дар судҳои марҳилаи якум, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда дар минтақаҳои таҷрибавӣ, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя бояд ба маркази тамос (колл-сентр)-и муассиса, ҷиҳати сафарбар кардани адвокат муроҷиат намоянд. Зимни қабули дархост операторони муассиса бо адвокате, ки ӯро низоми автоматикунонидаи иттилоотӣ муайян мекунад, дар тамос шуда, барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа сафарбар менамоянд.
- Дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ кадом мушкилиҳо мавҷуданд?
- Дар баробари корҳои анҷомшуда ва дастовардҳо дар татбиқи консепсия муаммою мушкилот низ ҷой доранд. Яке аз онҳо дуруст дарк нашудани масъала аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ҷиҳати татбиқи консепсия, ки дар банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, на дар ҳама шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ ба назар мерасад. Баръакс, дар шаҳру ноҳияҳое, ки роҳбаронашон барои татбиқи консепсия мусоидат мекунанд, ҳуқуқшиносони муассисаро ба нафъи мардуми маҳал истифода мебаранд, ба чорабинӣ, ҷаласаю машваратҳо ва рӯзҳои қабули шаҳрвандон даъват намуда, барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқии сокинон сафарбар мекунанд.
Мушкилоти дигар норасоии кадрҳо ва сатҳи пасти тахассуси онҳо мебошад. Ҳарчанд ҳар сол мактабҳои олии кишварро теъдоди зиёди донишҷӯён дар ин ришта хатм мекунанд, вале дарёфти ҳуқуқшиносони касбӣ ва дорои донишҳои кофӣ дар маҳалҳо бисёр мушкил аст.
Бо вуҷуди ин, дастрасӣ ба адолати судӣ ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина амалӣ мешавад. Бо тасдиқи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва татбиқи он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» қабул гардида, дар робита ба ин ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, нақши он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, таъмини қонунияту адолат мусоидат хоҳад намуд.
Мусоҳиб Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»