Ангиштканон азм доранд, ки соли равон истихроҷро ба 2 миллион тонна расонанд
Ҷумҳурӣ дорои захираҳои бузурги ангишт буда, онро чун манбаи алтернативии энергия самаранок истифода мебарад. Агар солҳои пеш ангиштро танҳо аҳолӣ истифода мекард, ҳоло корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ низ бо истифода аз он фаъолиятро ба роҳ мондаанд.
Бино ба гуфти сардори раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Абдураҳимзода, ангиштканони кишвар тасмим гирифтанд, ки нақшаҳои тасдиқгардидаро барзиёд иҷро намуда, истихроҷро соли равон то 2 миллион тонна расонанд.
Мавҷудияти захира ва навъҳои гуногуни ангишт на танҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истихроҷи он, балки ба истеҳсоли маводи технологӣ, кимиёвӣ ва сӯзишворӣ, имконият медиҳад. Истифодаи самараноки ангишт ва дар асоси он рушди саноати кимиё ва металлургия дар оянда метавонад манбаи асосии ноилшавӣ ба ҳадафҳои иқтисодии кишвар дар самти афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардад.
- Пайваста афзоиш ёфтани эҳтиёҷоти соҳаҳои гуногун ба ангишт зарурати ба роҳ мондани онро дар сатҳу сифати нав тақозо намуд. Дар ин замина шароит фароҳам омад, ки дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 11 миллион тонна ангишт истихроҷ шавад, -афзуд Баҳриддин Абдураҳимзода. Дар натиҷаи амалигардонии иқдомҳои пешгирифта дар самти ташкили иқтидорҳои нав ва афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ истихроҷи он аз 313 ҳазор тонна дар соли 1991 ба 1 млн. 907 ҳазор тонна дар соли 2018 расид.
Бино ба гуфти ӯ, истихроҷи ангишт дар ҳафт моҳи соли равон аз ҷониби 10 корхона дар 8 кон ба роҳ монда шуда, 959,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки аз нақшаи пешбинишуда 111 ҳазор тонна ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 144 ҳазор тонна зиёд аст.
Дар ин дастовард саҳми корхонаҳои дар кони ангишти «Фон-Яғноб» фаъолияткунанда назаррас мебошад.
Маълум гардид, ки ҳиссаи истихроҷи ангишт дар корхонаҳои бахши давлатӣ дар давраи зикршуда 62,5 фоиз ва бахши ғайридавлатӣ 37,5 фоизро ташкил додааст.
Дар ин давра харидории ангишт 981,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки асосан барои зиёд намудани истеҳсоли барқ ва бо гармӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе ба Маркази барқу гармидиҳӣ интиқол дода мешавад.
Аз ҳисоби зиёд гардидани талаботи МБГ-2 шаҳри Душанбе харидорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 193,9 ҳазор тонна зиёд гардид.
Содироти ангишт то 20 августи соли равон 9072 тонна, аз ҷумла, ба Покистон — 8746 ва Ӯзбекистон – 326 тоннаро ташкил дод.
Б. Абдураҳимзода доир ба қабаткушоӣ ва нақбканӣ маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки дар ҳафт моҳи соли равон 4,8 млн. м3 қабаткушоӣ, 5509 метри тӯлонӣ нақбканӣ ва омодасозӣ, 2407 метри тӯлонӣ таъмиру барқароркунӣ амалӣ шуд.
Инчунин, дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» лоиҳаи «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия гардид. Новобаста аз мушкилоти молиявӣ ва истеҳсолӣ КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб», ҶДММ «Дион ангишти Тоҷикистон», Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик», КФ «Зиддӣ» ва ҶДММ «Қудрат-210» ба маблағи 40 миллион сомонӣ 48 техникаву таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ харидорӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 15 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Воридоти техника ва технология имкон дод, ки шумораи кормандон дар корхонаҳои зикргардида 77 нафар зиёд гардад.
Кормандони соҳа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то бо меҳнати софдилона ва нишондиҳандаҳои назаррас 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварро ботантана ҷашн гиранд, — гуфт дар фарҷом Б. Абдураҳимзода.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»