Яке аз музаффариятҳои муҳими Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар бахши қонунгузорӣ он буд, ки барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Конститутсияи Тоҷикистон ҳарчанд дар давраи бисёр ҳассоси таърихӣ таҳия ва қабул гардид, тавонист дар қатори беҳтарин конститутсияҳои олам ҷой гирад. Дастовардҳои дигари ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳангу иҷтимоиёт маҳз аз он сарчашма мегиранд.
Бо қабули Конститутсия тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз ва фарҳанговар мебошанд, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла, ғояҳои сулҳҷӯёнаи гузаштагонро пос медоранд. Дар ин хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия (5 ноябри соли 2016) чунин баён доштанд: «Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад».
Баъди қабули Конститутсия роҳу равиш ва сатҳи зиндагии мардум дигар гардида, рушди падидаҳои конститутсионӣ собит намуд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар берун аз меъёрҳои Конститутсия наметавонад орому пурмаҳсул ҷараён гирад. Ғайр аз ин, пешравиҳое, ки дар ҳаёти ҷомеаи навини тоҷикон сурат гирифтанд, бидуни Конститутсия ва ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ ба амал омаданашон ғайриимкон буд.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон олимону муаррихон даҳҳо китоб таълиф намуданд, ки ба ҳайси консепсияи фарогири миллӣ хизмат намуда, барои дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон беҳтарин раҳнамо мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки бо тақозои зиндагӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил ёфта, ба талаботи давру замон мувофиқ карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва гузашти таърихи башарият падидаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ фаровонанд, ки вобаста ба эҳтиёҷоти ҷомеа амалӣ гашта, барои таъмини ҳадафҳои тараққиёт дар марҳилаи мушаххаси вақт поя ва асоси мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.
Ба ҳамин хотир, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол се маротиба, яъне, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба рушду такомули давлату давлатдории миллӣ мусоидат намуданд.
Тағйироту иловаҳои ҷиддӣ солҳои 1999 ва 2003 вобаста ба ташкилу фаъолияти парлумони ҷадид ба боби сеюми Конститутсияи кишвар ворид шуда, моҳиятан он дар таҳрири нав қабул гардид. Ҳамчунин, тибқи тағйироти охирони Конститутсияи мамлакат, фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон манъ шуд. Ин тағйирот барои таъмини ваҳдату субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таъсири унсурҳои бегона, алалхусус равандҳои хусусияти ифротгароиву бегонапарастидошта, ки ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, бо дарназардошти ҷаҳонишавии ҷомеа, қабул гардид.
Бешубҳа, тағйиру иловаҳои воридгардида ба мукаммал гардидани меъёрҳои Конститутсияи мамлакат равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ ҳамрадиф буда, қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқист, ки ҳадафи он дифоъ аз манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи қабул гардидан то ба ҳол вазифаҳои дар пешистодаро беҳтару сари вақт ба иҷро расонида, халқи тоҷикро бо талошҳои пайдарпаи Президенти мамлакат ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр муаррифӣ намуд.
Зарурати қабули тағйиру иловаҳоро олимону коршиносони кишвар иқдоми неки пайгирона хонда, онро ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолати риояву ҳифзи онҳо номидаанд.
Ҳамчунин, ин ташаббуси қонунгузорӣ ба маърифати баланди ҳуқуқӣ ва фаъолнокии сиёсӣ вобастагӣ дошта, такмил додани муқаррароти конститутсионӣ ҷанбаи илмиву мантиқӣ, аз нигоҳи зарурат ва моҳият саривақтиву ҳадафмандонаро дар бар мегирад. Аз дигар тараф волоияти Конститутсия ва қонун нишонаи муҳими давлат буда, барои сохтани давлати демократӣ ва ҳуқуқуқбунёд заминаи муҳим фароҳам овард. Бинобар ин, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳо ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Дар ин замина Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои Конститутсия, дигар қонунҳо ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намуда, баҳри таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни кишвар ваколатҳои бо қонун пешбинишударо дар пешгирӣ ва муқовимат ба ҷинояткорӣ минбаъд низ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ менамояд.
Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА,
директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон