Корхонаи сайёр ба фаъолият шуруъ кард

№71 (3056) 13.06.2013

Корхонаи сангмайдакунии сайёри филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард. Директори техникии ширкати мазкур Абдумаҷид Шарифов зимни шарҳи ин рӯйдоди тоза ба хабарнигорамон чунин гуфт:

-Маҷмуи дастгоҳи сангмайдакунӣ дар корхонаи хитойии «Hongxing» аз рӯйи технологияи канадагӣ истеҳсол шуда, иҳтидори истеҳсолии он 60-80 тонна дар як соат мебошад.

Бо дастрас кардани чунин таҷҳизот ва ба роҳ мондани фаъолияти корхона ҳаҷми корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо зиёд гашта, сифати кор беҳтар мешавад. Ҳангоми таъмиру сохтмон минбаъд аз маҳсулоти дастгоҳи мазкур истифода мебарем. Бояд тазаккур дод, ки корхонаи сайёри сангмайдакунӣ бо чунин иқтидори истеҳсолӣ ва технология бори аввал ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст. Бартарияти корхонаҳои сайёр аз корхонаҳои статсионарӣ, пеш аз ҳама, дар имкони қулайи интиқоли онҳо ба қитъаҳои таъмиршаванда ва ҳифзи сифати беҳтари мумқир ифода меёбад. Насбу азнавҷобаҷокунӣ ва ба кор даровардани он низ вақти зиёдро намегирад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаи сангмайдакунӣ 11 нафар мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардид.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»