Коррупсия. Баҳри муқовимат ба он фаъолияти дастаҷамъона зарур аст

№148 (3785) 14.12.2017

DSC_0266Ҳаштуми декабри соли равон дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ташрифи такрории коршиносони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар доираи мониторинги даври чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Нақшаи амалиёти истанбулии мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он муовини директори агентӣ Илёс Идрисзода, коршиносон Азиза Умарова, Андрий Кухарук ва Ион Настас суханронӣ намуданд.

Тавре зикр гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2003 Нақшаи амалиёти истанбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонидааст, ҳисоботи даврӣ ва фосилавиро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт мунтазам ба Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд пешниҳод менамояд. Ба нақша давлатҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Ӯзбекистон ва Украина шомиланд.

DSC_0265Коршиносон таъкид намуданд, ки коррупсия, дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир, асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти дастаҷамъона баҳри муқовимат ба он чораҳои мушаххас андешида шавад.

Коршиносони созмони зикршуда аллакай чор маротиба дар Тоҷикис­тон мониторинги иҷрои тавсияҳои худро гузарониданд. Тибқи методологияи гузаронидани мониторинг, баъди қабули ҳисоботи даврии давлати иштирокчии Нақшаи амалиёти истанбулии мубориза бо коррупсия ҷиҳати ба роҳбарияти давлат ва ба самъи ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, тиҷоратӣ ва байналмилалӣ расонидани натиҷаи ҳисоботи даврӣ ташрифи такрории коршиносон пешбинӣ шудааст.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки раванди иҷрои тавсияҳоро дар доираи Нақшаи амалиёти истанбулии мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ назорат мебарад, ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даври чоруми мониторинги ин тавсияҳо аз ҷониби гурӯҳи экспертӣ пазируфта шуд.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»