Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро самти муҳими сиёсати давлатӣ дониста, бо ин мақсад Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ чанд санади меъёрии ҳуқуқиро ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб қабул намуд.
Коррупсия зуҳури номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат ва мақомоти давлатӣ коста гардонида, барои рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа монеа эҷод мекунад. Барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар натиҷа, боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардида, пояҳои давлатдориро заиф мегардонад. Аз ин рӯ, мубориза, муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ва пешгирӣ аз омилҳои ба он мусоидаткунанда сол то сол пурзӯр шуда истодааст.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ оғоз намуд. Аз ҷумла, бори нахуст соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ба тасвиб расид, ки дар асоси он самтҳои асосии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян шуданд. Баъдан, соли 2007 ниҳоди махсусгардонидашуда — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин ниҳод аз рӯзи таъсисёбӣ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, муайян ва барқарор намудани маблағҳои ғайриқонунӣ тасарруфшудаи буҷетӣ фаъолияти назаррас дорад.
Зикр намудан бамаврид аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алҳол Тоҷикистон узви шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд буда, вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт иқдоми зиёдро амалӣ намуда истодааст. Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар асоси онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидааст. Мавҷуд будани ин санадҳо сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро таҳким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Новобаста аз он ки дар мамлакат ниҳоди махсуси мубориза бо коррупсия, яъне Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти муқовимат бо коррупсия фаъолияти назаррас дорад, набояд дигар қишрҳои ҷомеа дар самти мубориза бо коррупсия бетараф бошанд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми ҷомеа бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».
Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар асоси таъкидҳои Президенти мамлакат амал намуда, дар ин самт беш аз пеш фаъол бошад.
А. Хайриддинзода, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон