Кумак ба оилаҳои эҳтиёҷманд

№61 (4067) 21.05.2020

Чанде пеш филиали Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо барои оилаҳои осебпазири ду ноҳия — Шаҳритуз ва Айнӣ ба маблағи 33 ҳазор евро кумаки башардӯстона расонид. 

Он, ки 26 тонна маҳсулоти беҳдоштӣ ва ғизоиро ташкил медод, дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикршуда ба ниёзмандон тақсим карда шуд. Дар маҷмӯъ, ба 5800 оилае, ки маъюб доранд, маҳсулоти беҳдоштӣ иборат аз ниқобу собуни моеъ ва маҳлули безараргардонӣ дастрас гардид. 1100 хонаводаи камбизоат илова ба маҳсулоти беҳдоштӣ, соҳиби бастаи озуқаворӣ — орду равған, шакару макарон, биринҷу намак ва гӯгирд шуданд.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»