Баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад тадбиру барномаҳои гуногун андешида ва роҳандозӣ шуданд. Ҷорӣ гардидани низоми кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ба ин мисол шуда метавонад. Роҷеъ ба ин масъала хабарнигорамон бо ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ»- и назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримов мусоҳиб шуд.
- Нахуст мехостем, ки дар бораи моҳияти кумаки унвонии иҷтимоӣ маълумот диҳед. Кумаки унвонии иҷтимоӣ, яъне чӣ?
- Кумаки унвонии иҷтимоӣ шакли нави расонидани кумакпулии иҷтимоии давлатӣ мебошад. Он ба оилаҳо ва шаҳрвандоне дода мешавад, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва аз ин ҳолат мустақилона баромада наметавонанд. Кумак дар шакли пул расонида мешавад.
Низоми кумакпулии унвонии иҷтимоӣ айни замон дар 40 шаҳру ноҳияи мамлакат ҳамчун механизми таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст. Гуфтан бамаврид аст, ки низоми таҷрибавии таъин ва пардохти он бар ивази ду механизми қаблӣ – кумакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи неруи барқ ё гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат ба роҳ монда шудааст. Ҳукумати мамлакат аз соли 2011 тасмим гирифт, ки зина ба зина ба ҷои ду механизми зикршуда низоми нави расонидани кумаки унвонии иҷтимоиро ба оилаҳои камбизоат ҷорӣ намояд.
- Чаро ин навъи кумакро «унвонӣ» мегӯянд?
- Унвонӣ, яъне ки суроғавӣ. Гап дар сари он меравад, ки вақте соли 2011 ин механизм шурӯъ шуд, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат хеле баланд, қариб 80 фоиз арзёбӣ мегардид. Ҳоло сатҳи камбизоатӣ, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, 29,5 фоизро ташкил медиҳад.
Барои он суроғавӣ мегӯем, ки маблағҳои дар буҷети мамлакат бо ин мақсад пешбинишуда, барои мардуме, ки дар сатҳи камбизоатӣ қарор доранд, намерасад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифт, ин маблағҳоро ба таври суроғавӣ танҳо ба оилаҳое равона кунад, ки бештар ниёз доранд. Калимаи «унвонӣ» ҳам аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Оилаҳое, ки ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ниёз доранд, дар асоси методикаи махсуси муайянсозии оилаҳои камбизоат интихоб мешаванд.
- Методикаи номбаршуда дар асоси кадом талабот амал мекунад?
- Сатҳи камбизоатии ин ё он оила дар заминаи индикаторҳои молумулкӣ ё демографии оилаҳо муайян карда мешаванд. Айни замон 45 индикаторе ҳаст, ки тибқи он муайянсозӣ сурат мегирад. Масалан, мутобиқи индикатори демографӣ ҳайати оила, теъдоди маъюбон дар оила, шумораи онҳое, ки ба пиронсолӣ расидаву кор намекунанд ва ё занҳое, ки сарварии оиларо бар дӯш доранд ва ғайра ба назар гирифта мешавад. Дигар, индикатори молумулкӣ аст. Яъне, манзили иқоматии оила аз чӣ иборат аст ва аъзои он дар кадом ҳолат зиндагӣ доранд? Умуман, маҷмӯи индикаторҳое ҳастанд, ки агар баъзе аз онҳо сатҳи дороии оиларо муайян кунанд, қисми дигарашон дараҷаи нодории оиларо нишон медиҳанд. Ба қатори индикаторҳое, ки ҳолати душвори зиндагии оиларо нишон медиҳад, ин мавҷудияти кӯдакони маъюб дар оила, маъюбони гурӯҳи якум, дуюм ва сеюм мебошад. Ё ки худи сардори оила ба ягон шуғл фаро гирифта нашудааст, бекор аст. Ҳамаи ин дар пурсишномаи махсусе дарҷ ёфтааст ва шаҳрванд – сарвари оила ба онҳо ҷавоб мегардонад, ки ҳар як саволнома вазни қиёсӣ дорад. Агар баъзе пурсишҳо сатҳи хуб доштани оиларо нишон диҳад, баъзеи дигар нишон медиҳад, ки сатҳи зиндагии оила душвор аст. Сипас, ҳамаи пурсишҳо дар барномаи махсуси алгоритмии компютерӣ ҳисобу китоб мешавад ва вазъи зиндагии оила муайян ва дар асоси он кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин ва пардохт мегардад.
- Тартиби муроҷиат барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ чӣ гуна аст?
- Барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ шаҳрванд ё сардори оила ба унвони бахши ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ариза навишта, онро бо ду ҳуҷҷат – маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумот дар бораи молу амволи аъзои оила ба кумитаи маҳал, ҷамоати шаҳраку деҳот ё идораи моликони манзили ҷои иқомат месупорад.
Бояд варақаи ҳуҷҷатҳои зикршуда аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ё идораҳои манзилию коммуналӣ ва ё кумитаҳои маҳал ройгон дода шаванд. Саҳеҳияти маълумоти аз тарафи шаҳрвандон пешниҳодшуда бо имзои котиби ҷамоат ё сардори идораи манзилию коммуналӣ ва ё раисони кумитаҳои маҳал тасдиқ карда мешавад, ки дар доираи салоҳият ба дурустии онҳо масъул мебошанд.
Шаҳрвандон, вақте ки ҳуҷҷатҳоро пур мекунанд, бояд, ки ба корманди масъули ҷамоати шаҳраку деҳот ё ин ки идораи моликони манзил супоранд. Онҳо дар муддати 10 рӯз бояд дурустии аризаро санҷида бароянд. Баъд аз он ба китоби махсус ба қайд гирифта, дар давоми 10 рӯз ба бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр ва ноҳия мерасонанд.
Айни замон дар 40 шаҳру ноҳия 71 корманд оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ, ду маркази минтақавии ҳамоҳангсозии барнома, ки дар онҳо 14 нафар фаъолият мекунанд, ба ин кор машғуланд.
- Оё аз тарафи муроҷиаткунандагон маълумоти нодуруст пешниҳод мешавад?
- Бале. Дар бисёр ҳолат шаҳрвандон кӯшиш мекунанд, ки ҳама чизро нишон надиҳанд. Метарсанд, ки агар говашонро, трактори вайронаи аз замони шӯравӣ дар кунҷи ҳавлиашон хобидаро ва ё мошини сабукравро, ки ҳоло қариб дар ҳама хонавода ҳаст, ҳангоми пур кардани варақаи маълумотнома зикр кунанд, ба онҳо кумак таъин намешавад. Дар натиҷаи санҷиш онҳо ошкор мешаванд ва чунин оилаҳо аз гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ маҳрум мегарданд. Ҳол он ки доштани мошин ё ҳайвоноти хонагӣ ҳанӯз асос шуда наметавонад, ки ба оила кумаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда нашавад.
- Аҳолӣ аз мавҷудияти кумаки унвонии иҷтимоӣ чӣ хел огоҳ мешавад?
- Якчанд усули огоҳонидани аҳолӣ аз кумаки унвонии иҷтимоӣ мавҷуд мебошад. Кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар расонаҳои чопӣ, радио ва телевизион баромад мекунанд. Пайваста суҳбати гирди миз доир карда мешавад, ки мардум дар бораи механизми расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бохабар шаванд.
Илова бар ин, аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳар сол дастурамалҳо, овезаҳои махсус ва маълумотномаҳо табъу нашр ва ба ноҳияҳо равон карда мешаванд.
Дар ҳар шаҳру ноҳия бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳаст. Ҳастанд дигар сохторҳои маҳаллӣ, ки ба ин сарукор доранду маълумотро мардум аз онҳо дастрас мекунанд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳастанд оилаҳои дар ҳақиқат камбизоат, ки аз кумакҳо огоҳӣ надоранд. Ин шаҳодати он аст, ки на дар ҳама шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳал огоҳсозӣ ба таври шоиста ба роҳ монда шудааст.
- Ҳаҷми умумии кумаки иҷтимоӣ ва давомнокии дастрас кардани он ба аҳолӣ чӣ гуна аст?
- Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат барои як сол таъин карда мешавад. Ҳаҷми он барои як сол 400 сомонӣ муқаррар шудааст ва ҳар семоҳа ба маблағи 100 сомонӣ ба шаҳрванд ва оилаҳои камбизоат пардохт карда мешавад.
Дар сурати ба охир расидани муҳлати таъинот оилае, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дорад, яъне вазъи он беҳтар нагардидааст, метавонад боз ба ҷамоати шаҳраку деҳот барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ муроҷиат кунад.
- Ба кумаки унвонии иҷтимоӣ имтиёзҳои дигар ҳам медарояд, ба монанди пардохти панҷоҳ дарсади хизматҳои коммуналӣ ё имтиёз дар таълими фарзандон?
- Не, ин танҳо кумаки пулӣ аст. Лекин дар баробари дастрас кардани кумаки унвонии иҷтимоӣ шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат ҷиҳати бархурдор шудан аз имтиёзҳои дигари пешбинишуда барои гирифтани маълумотнома дар бораи сатҳи камбизоатӣ муроҷиат мекунанд.
Онҳо ба муҳлати 12 моҳ бо пешниҳод намудани маълумотнома дар бораи сатҳи камбизоатӣ метавонанд дигар имтиёзҳоро, масалан дар самти тиббӣ низ истифода баранд. Ин маълумотнома дар бораи мақоми камбизоатӣ аз тарафи бахшҳо ва шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрвандон дода мешавад.
- Маблағи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз кадом ҳисоб аст?
- Маблағҳое, ки барои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҷудо мешаванд, аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошанд ва ҳар сол Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ талаботро таҳия ва ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамояд.
Аммо як нуктаро ёдрас шавем, ки низоми кумаки унвонии иҷтимоӣ паҳлуҳои техникии зиёд дорад. Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат соли 2011 бо пешниҳоди Лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ» аз Бонки ҷаҳонӣ 5 миллион доллар грант гирифта буд. Ин маблағ барои таҷҳизот — харидории серверҳои муосири рақамӣ ва барномаҳои компютерӣ, мебелу ҷиҳози даркорӣ барои нуқтаҳое, ки дар минтақаҳо фаъолият мекунанд, равона гардид. Инчунин, хароҷот барои омӯзонидани кормандон, чопи дастурамалҳо, ахборномаву маълумотномаҳо низ аз ҳамин ҳисоб аст.
- Оё эҳтимоли он ҳаст, ки маблағи кумаки иҷтимоӣ ба шаҳрвандон аз 400 сомонӣ зиёдтар гардад?
- Ҳоло лоиҳаи қарор дар бораи ҷорӣ кардани механизми нави таъин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ дар 28 шаҳру ноҳияи боқимонда дар баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Агар чунин қарор қабул шавад, андозаи кумаки унвонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми баробар ба 8 нишондиҳандаи ҳисобҳо муқаррар карда мешавад. Ин баробар ба 440 сомонӣ аст.
- Сол ба сол теъдоди гирандагон кам мешавад ё бештар?
- Агар аз рӯи фарогирии теъдоди хонаводаҳо гирем, сол ба сол хонаводаҳо зиёд шуда истодаанд. Масалан, соли аввал агар 8 ҳазор оилаи камбизоат гирандаи кумаки унвонии иҷтимоӣ буданд, ҳоло ба 94 ҳазор оила ин намуди кумак расонида мешавад. Агар 28 шаҳру ноҳияи боқимондаи ҷумҳурӣ ба барнома ворид шаванд, аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ соли 2020 теъдоди хонаводаҳои гирандаи кумаки унвонии иҷтимоӣ ба 200 ҳазор мерасад. Агар шумораи миёнаи аъзои як хонавода дар мамлакат 6,3 нафар бошад, пас беш аз 1,2 миллион нафар бавосита ё бевосита аз кумаки унвонии иҷтимоӣ ва ё ин ки аз ин механизми кумакпулии давлатӣ бархӯрдор мешавад.
Инчунин, агар ду сол пеш аз буҷети ҷумҳурӣ барои кумаки унвонии иҷтимоӣ 15 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида бошад, барои соли 2019 ин маблағ 86 миллион сомониро ташкил дод. Ин маънои онро дорад, ки маблағгузорӣ аз буҷети мамлакат сол ба сол бештар шуда истодааст.
- Дар самти дастрас шудани кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат кадом мушкилиҳо вуҷуд доранд?
- Кор бе мушкилӣ намешавад. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки дар масъалаи пардохт кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мушкил пеш меояд. Бинобар сабаби дар деҳаҳои дурдаст истиқомат доштани гирандагони кумакпулӣ ва дурии масофа то маркази хизматрасонии «Амонатбонк» кумакпулӣ сари вақт пардохт намегардад.
Мушкилии дигар он аст, ки бо вуҷуди роҳандозии корҳои иттилоотонӣ на ҳама шаҳрвандони ниёзманд барои гирфтани кумаки унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд.
Илова бар ин, сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот воҳидҳои кории корманди иҷтимоӣ пешбинӣ нашудаанд ва ин вазифа бар дӯши кормандони ҷамоат ва онҳое вогузор шудааст, ки дар соҳаи иҷтимоиёт фаъолият мекунанд ва масъулияти дигар доранд. Мутаассифона, ин боис мешавад, ки санҷиши дурустӣ ва эътимоднокии маълумоти шаҳрвандон дар сатҳи маҳал гузаронида намешавад.
Ин механизми таҷрибавӣ аст ва бе камбудӣ намешавад. Аммо барои бартараф намудани нуқсонҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои заруриро андешида истодаанд ва умед дорем низоми расонидани кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони мамлакат мукаммал гардонида мешавад.
М. УСМОН, «Садои мардум»