Зимни ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардид, ки ба 475 ҳазор нафар аз қишри ниёзманди кишвар кумакпулии яквақтаина дастрас мешавад.
Тавре мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Шаҳзод Қобилов дар суҳбат ба мо иброз намуд, кумакпулии зикршуда ба нафароне, ки дорои варақаи кумакпулии иҷтимоӣ буданд, тавассути намояндагиҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дастрас шуд.
- Дар маҷмӯъ, 3664 сокини ноҳия аз он баҳравар гардиданд, — афзуд номбурда.
Комрони АСЛОН,
«Садои мардум»