ЛӮЛИҲО. ДАР ТОҶИКИСТОН МУНОСИБАТ БА ОНҲО ДУЮМДАРАҶА НЕСТ

№ 17.04.2024

IMG_26188-уми апрел, ки дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии лӯлиҳо таҷлил мешавад, имконест, ки ба расму оин,  фарҳанг ва асолати ин қабилаи қадима таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Одатан аксар нафарон ба лӯлиҳо ҳамчун ба шахсони бидуни шаҳрвандӣ ва бе ҳуқуқ назару муносибат доранд. Дар ҳақиқат, дар бисёр кишварҳо лӯлиҳо ​​ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият намегиранд, ки ин омил онҳоро аз таҳсил ва дастрасӣ ба тиб маҳрум месозад. Аммо лӯлиҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз тамоми ҳуқуқу озодиҳое, ки шаҳрвандони дигари кишвар бархӯрдоранд, истифода мебаранд. Онҳо чун нафарони комилҳуқуқи ҷомеа ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, шуғл ва ҳимоя аз табъиз имкониятҳои якхела доранд.

Солҳои соҳибистиқлолии кишвар  тарзи зисти лӯлиҳои муқими Тоҷикистон дар қиёс бо тарзи зисти аҷдодони онҳо, ки макони зисти доимӣ надоштанд, ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳоло лӯлиҳои Тоҷикистон дорои асноди тасдиқкунандаи шахсияти худ буда, фарзандонашон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд ва бисёр ҷавононе, ки ба синни даъват расидаанд, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро қарзи шаҳрвандии худ медонанд.

Раиси маҳаллаи деҳаи Офтобрӯяки Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав Ҷаҳон-ака, ки ӯро сокинони маҳалла интихоб намудаанд, иброз намуд, ки: «Моро дигар тоҷик гӯянд ҳам мешавад, чунки мо тӯли солҳои дароз бо тамоми ҳастии худ ба дин, забон, маданият, урфу одат, тарзи либоспӯшӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон пайвастем ва худро ҷузъи ҷудонашавандаи ин кишвари бароямон муқаддас медонем».

Барои фарзандони онҳо соли 2007 дар деҳа мактаб ба истифода дода шуд, ки дар он 240 нафар таҳсил мекунанд. Се дастпарвари ин мактаб таҳсили худро дар донишгоҳҳои кишвар идома дода, оянда ҳамчун мутахассисони соҳаҳои ҳарбӣ,  кишоварзӣ ва омӯзгорӣ фаъолият хоҳанд кард.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»