АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ЛИБОСИ МИЛЛӢ ТАРАННУМГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ АСТ

№106 (3586) 11.08.2016

DSC_0878Зимни нишасти матбуотие, ки 29 июли соли 2016 роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд, баъд аз пешниҳоди маълумот оид ба фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ раиси кумита Қосимзода Идигул Тағо аввалин суоле, ки ҷавоб гуфт, нороҳатии ӯ ва бархе аз хабарнигоронро ба вуҷуд овард.

Хабарнигор аз ниҳодҳои хабарии хориҷӣ суолгузориро дар нишаст аз  афзоиши фоҳишагӣ оғоз бахшид.

Идигул Қосимзода ба ин суол кӯтоҳ посух гуфт: — Зани тоҷик фоҳиша набуд ва нест. Мо имкон намедиҳем, ки касе зани тоҷикро фоҳиша гӯяд.

Бо мақсади фаъолгардонии нақши духтарон дар ҷомеа, тарбияи кадрҳои болаёқат ва муайян намудани истеъдодҳои ҷавон дар назди кумита «Шӯрои донишҷӯдухтарон» таъсис шудааст ва маҳфилҳои таълимӣ низ гузаронида мешавад.

Кумита, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо як қатор семинарҳо, курсҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Зан-роҳбар», «Чеҳраҳои нави ҳунарӣ», «Оилаи беҳтарин», «Духтарони сарвар» доир менамоянд ва иштироки васеи занону духтарон дар онҳо аз натиҷаҳои умедбахш гувоҳӣ медиҳад.

Саволи дигаре, ки таваҷҷуҳи аҳли нишастро ҷалб кард, фарҳанги либоспӯшии зани тоҷик буд, ки боиси ибрози андеша ва пешниҳодҳои гуногун гардид. Инро ҳар кас ба қадри фаҳмиши худ, аз диди хеш баҳо дод.

Раиси кумита Идигул Қосимзода роҷеъ ба ин масъала чунин иброз дошт:

- Ман ҳамчун роҳбар, ҳамчун Зан — Модар мегӯям: — Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Моро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиамон мешиносанд. Бинобар ин, мо бояд унсурҳои миллию хосаи худро дошта бошем.

А. Мирзозода,

«Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ