Нуздаҳуми майи соли равон бахшида ба анҷоми фаъолияти лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» дар Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар он намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, намояндагии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ, лоиҳаи «Тандурустии босифат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар конфронс аз натиҷаи фаъолияти лоиҳаи «Тандурустии босифат» дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла саломатии модару кӯдак, саломатии репродуктивӣ, бемории сил, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвари моро зикр намуда, гуфт, ки лоиҳаи мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба стандартҳои байналмилалии пешгирӣ, муоина, ташхис ва усулҳои муолиҷа кумаки техникӣ расонд. Инчунин системаи назорату идоракунии сифати кори шабакаи миллии озмоишгоҳҳои сил беҳтар гардида, имкониятҳои табобати амбулатории беморонро вусъат дод ва шабакаи фаъолони ҷомеаро, ки чорабиниҳои пешгирии бемории силро тавассути гурӯҳҳои дастгирии беморони сил мегузаронанд, таъсис дод.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашӯрова зимни суханрониаш зикр кард, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла саломатии модарону кӯдакон, яке аз самтҳои асосии сиёсати имрӯзаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Номбурда гуфт, ки яке аз шарикони асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тиб ва беҳдошти саломатии мардум лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) мебошад, ки давоми панҷ соли фаъолият оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, хусусан саломатии модару кӯдак, пешгирии бемории сил, ВНМО корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров низ зикр кард, ки давоми панҷ сол лоиҳаи «Тандурустии босифат» фаъолияти худро ба дастгирии барномаҳои муосиру самаранок дар соҳаи пешгирии ВНМО, бемории сил, саломатии модару кӯдак, солимии репродуктивӣ ва ғайра равона сохт.
Директори лоиҳаи «Тандурустии босифат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мериан Шеридан низ оид ба саҳм ва дастовардҳои лоиҳа сухан кард.
Дар фарҷоми конфронс ба шарикони лоиҳаи «Тандурустии босифат» сипосномаҳо супорида шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»