МҲТБО равобити кишварҳои аъзоро ба марҳилаи сифатан нав ворид кард

№79 (4029) 02.07.2019

14 — 15- уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе яке аз ҳамоишҳои баландтарини  сатҳи байналмилалӣ – панҷумин Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гардид.

Он форуми байнанлмилалӣ буда, бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ ва амният дар минтақа ташкил карда шудааст.  Ғояи ташкили созмон бори аввал аз ҷониби Президенти собиқи Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи октябри соли 1992, дар иҷлосияи 47-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд. Аввалин ҳамоиши он соли 2002 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид гузаронида шудааст.

Саммити мазкур,  ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, дар сатҳи ниҳоят баланди сиёсию ташкилӣ баргузор гардид ва бори дигар собит намуд, ки  Тоҷикистон   қобилияти пази­роии теъдоди зиёди меҳмонони хориҷиро дорад. Форум бори дигар ҷойгоҳи Тоҷикис­тонро ҳамчун як давлати амн ва босубот муаррифӣ намуд. Дар ин ҳамоиш аз тарафи иштирокдорон масъалаҳои гуногуни муҳими минтақавиву ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масоили иқтисодӣ дар сатҳи кишварҳои минтақа, буҳронҳои молиявӣ ва бархӯрдҳои сиёсию иқтисодии байни кишварҳо аз ҷониби  ширкаткунандагон баррасӣ шуданд. Масъалаҳои сиёсӣ, аз ҷумла, масъалаи терроризму экстремизм ва ба корҳои ҳамдигар дахолат накардани давлатҳо бошад, яке аз масъалаҳои меҳварӣ гардид.

Воқеан, солҳои охир қитъаи Осиё ба яке аз минтақаҳои бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст. Дар заминаи онҳо дар Сурияву Ироқ, кишварҳои Шарқи Наз­дику Миёна ва Афғонистон даҳсолаҳост оташи ҷанг аланга зада, ҳазорон нафар ба ҳалокат расиданд. Дар баробари ин, дар кишварҳои зикршуда ҷанг сабаби аз байн рафтани инфрасохтори  иқтисодӣ гардида, шумораи зиёди инсонҳо  аз надоштани одитарин шароити зиндагӣ ранҷ мебаранд ва фақру нодорӣ ба думбол маризии гуногунро дар ин кишварҳо ба миён овардааст. Чунин вазъ муҳоҷирати иҷбориро ба миён оварда, теъдоди зиёди аҳолӣ аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ва Афғонистон ба кишварҳои гуногуни олам паноҳ бурдаанд.

Осиё яке аз куҳантарин манотиқи тамаддуни башарӣ маҳсуб меёбад ва дар заминаи бовару эътиқодот ба вуҷуд овардани созмону гурӯҳҳои террористӣ ба як мушкили асосии ин қора табдил ёфтааст. Алҳол гурӯҳҳои зиёди террористӣ дар минтақа бо баҳонаи арзишҳои динӣ даҳшат­афканӣ ба вуҷуд овардаанд, ки на танҳо сокинони минтақа, балки мардуми кишварҳои ҷаҳонро нигарон намудааст. Ҳалли масъалаи мазкур низ аз тарафи сарони кишварҳои аъзои МҲТБО таъкид гардид. Ҳоло кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз дигаршавии иқлими кураи замин ва таҳдидҳое, ки аз он ба миён меоянд, аз ҷумла, норасоии оби ошомиданӣ, башиддат обшавӣ ва аз байн рафтани пиряхҳо аз байн рафтани қабати ҳосилхези хок, флора ва фаунаи кураи замин, сӯхтори бесобиқаи ҷангалзорҳо бар асари гармшавии иқлим, бошиддат биёбоншавии минтақаҳо ва амсоли ин на танҳо мардуми қитъаи Осиё, балки башариятро дар ҳоли изтироб гузоштаанд. Иштирокчиёни ҳамоиш таъкид карданд, ки бояд неруи зеҳнӣ ва имконияти молиявии мавҷударо ҷиҳати ҳалли оқилонаи мушкилоти мавҷуда равона намуд.

Масъалаи дигаре, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуд, рушди устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои баъдӣ буд. Дар ҳамоиш ҳалли мусолимат­омези муноқишаҳои байни давлатҳои минтақа, аз ҷумла, Фаластину Исроил, Сурияву Ироқ, Арманистону Озарбойҷон ва ғайра  низ зикр гардид.

Нишасти МҲТБО дар Душанбе роҳбарони зиёда аз 27 давлатро гирди ҳам оварда, тавонист бори дигар барои ҳаллу фасл ва баррасии мушкилоти минтақавӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо водор намояд. Дар маҷмӯъ, баргузории ҳамоиши зикршуда муҳиму саривақтӣ маҳсуб шуда, равобити кишварҳои аъзоро ба марҳилаи сифатан нав ворид намуд.

Эҳсони Илҳом, коршиноси умури иҷтимоӣ