Маҷаллаи нав

№ 21.03.2013

Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз маҷаллаи навтаъсис бо номи «Дӯстӣ»  рӯйи чоп омад. Муассиси маҷаллаи мазкур  Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ буда, сардабири он Манижа Қурбонова мебошад. Маҷалла аз 45 саҳифаи ранга иборат буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шуда, ройгон ба хонандагон пешниҳод мегардад. Дар саҳифаи аввали маҷалла паёми табрикотии раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев  ба муносибати ҷашни Наврӯз- ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва олиҳимматӣ ҷой дода шудааст. Мавзуъҳои мақолаҳои  маҷаллаи тозанашршуда ин дӯстии байни кишварҳо,  мушкилоти нигоҳдошти фарҳанг, забон ва ғайраро фаро гирифтааст.

Шарофат Абдулвоҳидова, «Садои мардум»