Мо як гурӯҳ ронандагон мақолаи «Ваколатдиҳии бебаркаши Вазорати нақлиёт ба манфиати кист?» («Садои мардум», №101 (3895) аз 18 августи соли 2018)- ро дар истгоҳи охирини хатсайри №204 — «Душанбе — Айнӣ — Ҳисор», ки дар ҳудуди ҶСП «Маркази савдои Балх» ҷойгир мебошад, мутолиа кардем.
Воқеан ҳам дуруст қайд гардидааст, ки риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ аз тарафи Вазорати нақлиёт боиси сарсонӣ ва кашмакашии зиёд байни соҳибкорони хурду миёнаи соҳаи нақлиёти автомобилӣ гардида истодааст. Ба ин гуфтаҳо ҳолати ба сари мо овардаи Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» мисол шуда метавонад. Бояд гуфт, ки муассисаи давлатии шаҳрии номбурда дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №374 аз 27 июли соли 2009 «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда» нуқтаи оғози фаъолияти мо — ронандагони хатсайри №204- ро аз Маркази савдои «Балх» муайян ва ба шаҳри Душанбе воридшавии онро манъ намуд. Мувофиқи ҳамин қарор нуқтаи охирини хатсайрҳои шаҳрии ин самт низ ҳамин мавзеъ муқаррар шуд. Аммо нақлиёти хатсайрҳои мусофирбарии шаҳрии №55 — «Пули шаҳраки 46 — уми шаҳри Душанбе — деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ» (ба воситаи РБДА ва бозори «Балх») ва №47 — «Маҳаллаи Зарафшон — шаҳраки Айнии ноҳияи Рӯдакӣ» (ба воситаи маҳаллаи 103, Автовокзали марказии шаҳри Душанбе, РБДА, бозори «Балх»)- ро бо вайрон кардани талаботи қарори раиси шаҳр роҳандозӣ намуда, ба фаъолияти ботартибу низоми мо халали ҷиддӣ ворид сохтанд. Охир талаботи қарори раиси шаҳр танҳо ба мо нигаронида нашуда буд- ку? Магар бо чунин роҳ ҳал кардани масъала аз рӯи инсоф аст? Ба мо ворид шудан ба шаҳр мумкин набудаасту ба нақлиёти шаҳрӣ иҷозат будааст, ки аз рӯи хатсайри мо ҳаракат карда, ба ҳудуди дигар ноҳия ворид шавад.
«Болои сӯхта намакоб» — гуфтагӣ барин Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» баъди ғайриқонунӣ соҳибӣ кардани ташкилу гузаронидани озмуни тақсимоти хатсайрҳо дар байни интиқолдиҳандагон ва аз нав ҷобаҷокунию вобастакунии онҳо хатсайри мусофирбарии №210 — «Бозори Балх — Қалъаи Ҳисор»- ро бе ягон зарурат кушода, фаъолияти моро пурра фалаҷ сохт. Имрӯз аз 20- 23 нафар ронандаи хатсайрамон базӯр 10- 12 нафар кор карда истодаанд. Мо намедонем додамонро ба кӣ гӯем? Муроҷиатҳои мо ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти ваколатдори он бенатиҷа монданд. Ҷавобҳои аз онҳо гирифтаамон ба «дард» — и мо «даво» нашуданд. Роҳбарони Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҳатто пурра аз болои хатсайри №204 ҳаракат кардани нақлиёти мусофирбари хатсайри №210-и кушодаашонро дида истода, дар ҷавоби шикояти мо навиштаанд, ки «хатсайри «Бозори Балх — Қалъаи Ҳисор» ба фаъолияти хатсайри мусофирбарии наздишаҳрии №204 халал ва монеа эҷод наменамояд. Дар асл ронандагони хатсайри №210 то Қалъаи Ҳисор нарафта, аз худи шаҳри Ҳисор ақиб мегарданд.
Шояд баъди чопи ин матлаб идораҳои дахлдор овози моро ҳам шунаванд?!
Бо эҳтиром, ронандагони хатсайри №204 – Душанбе — Айнӣ — Ҳисор Ҳ. Саидов, М. Саломов, Н. Шарифов, Б. Ҳасанов, ҷамъ 17 имзо