Шоираи хушбаён, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам ба дӯстдорони каломи бадеъ бо маҷмӯаҳои «Афсонаҳои ишқ», «Дуруди ошно», «Замзамаҳои равони рӯд», «Гулрезаҳо» ва «Гулвожаи баҳрон» шинос аст.
Чанде пеш бо ташаббуси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев таҳти унвони «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» маҳфили эҷодии ӯ баргузор гардид. Дар он сиёсатмадорон, олимон, шоирон ва ҷавонон иштирок доштанд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар суханрониаш эҷодиёти номбурдаро амиқ таҳлил карда, барояш комёбӣ таманно кард.
Маҳфил тадриҷан ба базми ширу шакар табдил ёфта, сарояндагони маъруф Ҷумъахон Сафаров, Шуҳрат Сайнаков, Фахриддини Малик, Ҳақназари Ҳаловат ва дигарон аз ашъори шоира суруд хонданд, ки бештарашон дар мавзӯи сулҳу Ваҳдат ва дӯстӣ эҷод шуда буданд.
Т. ФарРухпай, «Садои мардум».
Суратгир Н. Алиев