Маърифати экологиро бояд баланд бардошт

№133(3434) 06.10.2015

Табиати дилоро, обҳои зулолу шифобахшро Худованд ба мо — тоҷикистониён арзонӣ доштааст. Бинобар ин,  бояд шукргузор бошему баҳри сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиат, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист якҷоя саъю талош намоем.  Мутаассифона, ашхосе  ҳастанд, ки ба ин масъала чандон таваҷҷуҳ надоранд. Бинобар ин, зарурати баланд бардоштани маърифати экологӣ ба миён омадааст. Аз ин хотир,  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015 таҳти № 178 «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»  қабул гардид. Ҳадафи ин Барнома чист ва дар асоси он чӣ корҳо анҷом дода мешаванд? Ба ин саволи хабарнигорамон сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоева чунин ҷавоб дод:

- Нахуст мехоҳам тазаккур диҳам, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои пешбурди сиёсати экологӣ  якчанд  барномаҳои давлатии соҳавиро роҳандозӣ кардаанд. Аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 23 феврали соли 1996 таҳти №93 «Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010» қабул карда шуд ва дар доираи он корҳои муайяне иҷро гардиданд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки  соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»  қабул гардид. Қабули қонуни мазкур барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  саривақтӣ буда, дар доираи таъмини иҷрои он Кумита ба як қатор муваффақиятҳо  ноил гардид.

«Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»бошад, мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва банди 5 Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои нимсолаи якуми соли 2015 аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шуд.

Мусаллам аст, ки маърифати экологӣ дар шароити муосир аҳамияти муҳим дорад ва барои рушди устувори ҷумҳурӣ бо дарназардошти талаботи экологӣ ва ташаккули шуури экологии ҷомеа кумак мерасонад. Ҳадафи ин Барнома такмили асосҳои сиёсати давлатӣ оид ба маърифат ва тарбияи экологӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, беҳтар намудани вазъи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти солими аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барномаи мазкур аз рӯи принсипҳои башардӯстона, наҷот додани инсоният аз фалокатҳои экологӣ, аз ҷониби ҳар як шаҳрванд гирифтани донишҳои умумии экологӣ, афзалияти маърифати экологӣ ҳамчун унсури башардӯстона ва иҷтимоӣ, таъмини таълим ва тарбияи аҳолӣ амалӣ мешавад.

Татбиқи Барномаи мазкур барои рушди устувори ҷомеа ва тараққиёти иқтисодиёти сабз мусоидат менамояд. Баҳри иҷрои супоришу дастурҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ фармоиши раиси Кумита ба тасвиб расида, тамоми воҳидҳои сохторӣ вазифадор  гардиданд, ки дар асоси Барномаи мазкур бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»