Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон якҷо бо маорифчиёни ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар сармашқи кор намуда, бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор менамоянд. Чунин вохӯрии судманд бо омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва миёни аҳолии деҳоти Даҳана баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Точикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Гулшан Бобозода зимни суханрониаш гуфт, маорифчиёни ноҳия нақшаи дурнамои фаъолият таҳия намуда, баҳри иҷрои бандҳои он талош доранд. Дар ин самт комиссияи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим таъсис шуда, гурӯҳи корӣ то оғози баргузории тӯю маросимҳо аз ҷониби шаҳрвандон бо онҳо ҷиҳати амалӣ гардидани қонунҳои болозикр ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ноҳия Маърифат Салимова изҳор дошт, ки баъд аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат падару модарон мантиқи суханронии Сарвари давлатро дарк карда, тез-тез ба мактаб омада, дар маҷлисҳо ва дарсҳои фарзандонашон иштирок менамоянд. Дар муассиса иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хуб ба роҳ монда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, дар заминаи мулоқоти Сарвари давлат дар баробари ташкили мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ дар шаҳраки Ёвон ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳамчунин, фаъолони ҷамоат даъват шуданд, ки бо мақсади сарфакорию иҷрои қонунҳои миллӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» гузаронида, ташвиқу тарғиботро дар байни аҳолӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»