ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст

Марде, ки шаҳди ғалабаро дар Берлин чашид

№62 (4168) 23.05.2020

БерлинМаҳмадӣ Шоев соли 1926 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Азбаски бародараш мудири фермаи чорводорӣ буд, ӯро айёми ҷавониаш ҳамроҳ ба талу теппаҳо мебурд. Маҳмадӣ аз тамошои сабзаву лолазори диёр ҳаловат бурда, баррачаҳои навзод­ро навозиш ва оҳиста — оҳиста ба касби чӯпонӣ одат кард. Вале дар яке аз он рӯзҳо, аниқтараш баҳори соли 1944, ки ҷанг идома дошт, ба дасташ даъватномаи хизмати ҳарбиро доданд.

Бо меҳри беандоза гулҳои диёрро чида, ба дидагонаш молид ва ба хоки диёр саҷда карду бо волидайн ва наздиконаш хайрухуш намуда, гуфт, ки бо душмани хунхор -  фашизми гитлерӣ мардонавор меҷангаду иншооллоҳ, бо сари баланд ба Ватан бармегардад.

Маҳмадӣ ба ваъда вафо намуд. Ҳамроҳи ҳамяроқон душманро то лонааш — Берлин таъқиб намуд. Фашизми гитлерӣ торумор карда шуд.

Захмдор ба зодгоҳ баргашт. Сари синаашро медалҳои «Барои озодкунии Прага», «Барои гирифтани Берлин», «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ — солҳои 1941-1945» ва ғайра зеб медоданд.

Маҳмадӣ Шоев даврони пириро дар деҳаи Қулсанги ноҳия гузаронид. Ӯ қабл аз марг ба ҳамдиёрон, ки ба аёдат меомаданд, мегуфт: «Шукронаи тинҷию оромии кишвар намуда, ба Ватан содиқона хизмат кунед». Ҳамеша изҳори хурсандӣ мекард, ки ҳангоми ҷанг борҳо бо марг рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, зинда мондааст…

Ӯ чанде пеш аз олам даргузашт, вале хотираи неки ӯ ҳамеша дар қалби мост.

Сафармуҳаммад ЗАРИФӢраиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ