«Маркази марка» ташвиқгари ҳаёти босаодат аст

№148 (4098) 10.12.2019

СайдалӣМарка нишонаи почтавии давлати мустақил ва соҳибихтиёр буда, ба шумули коғазҳои қиматнок дохил мешавад ва дорои арзиши хос барои ирсоли номаю бастаҳои почтавӣ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни ирсоли муросилоти почтавӣ ва идоравӣ марка истифода мешавад.

Чӣ гуна аст маркаи тоҷик, тасвирҳои инъикоскунандаи он фарогири кадом мавзӯъ мебошанд? Доир ба ин суҳбате дош­тем бо директори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Маркази марка» Саидалӣ Мирзоев.

- Дар оғоз мехоҳам зикр намоям, ки нахустин почта дар Англия 150 сол пеш арзи вуҷуд намуда буд. Марка низ ҳамин қадар таърих дорад, зеро онро дар ҳар муросилоти почтавӣ часпонида, ин амал ба кадом идораю муассиса ё давлат мансуб будани амволи фиристодашавандаро ифода мекард, — иброз дошт Саидалӣ Мирзоев ва идома дод: — Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1924 дар муросилоти почтавӣ ва муомилоти идоравӣ марка истифода мегардад. Он вақт низ маркаҳое буданд, ки аз рӯи гурӯҳбандии мавзӯоташон ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ иртибот доштанд. Аз ҷумла, маркаҳои инъикосгари кӯҳсор, гавазнҳои пармашох (Марко Поло), дарёҳои Аму, Сир, кабки дарӣ, қаторкӯҳҳои Помир бо теъдоди нисбатан калон (2-3 миллион нусха) нашр шуда, табиати нотакрори Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Баъди ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ дар сохтори Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Маркази марка» таъсис ёфта, ба узвияти Иттиҳоди ҷаҳонии почта пазируфта шуд. «Маркази марка» ҳамчун воҳиди мустақил сиёсати давлатии Тоҷикистонро зери сарпарастии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муросилоти почтавӣ татбиқ менамояд.

- Марка ба сурати коғази чаҳоргӯшаи хурди росткунҷа таҳия шуда, ду гуна — дандонадор ва бедандона аст. Он андозаҳои гуногун дошта, вобаста ба муқаррароти давлатӣ ва аз рӯи аксҳои дар он инъикосёфта арзиш дорад, — мегӯяд ҳамсуҳбатам. Часпонидани марка ба лифофа аз ҷумлаи расмиёти муросилоти почта буда, нишондиҳандаи он аст, ки шахси фиристанда маблағи комил (пурра) ё бахше аз онро барои мактуби ирсолшуда пардохтааст.

Маркаҳои ҷаҳон, аз ҷумла, маркаҳои тоҷикӣ дорои мавзӯъҳои гуногун ва пуробуранг буда, ҳама паҳлуи ҳаётро инъи­кос менамоянд. Мавзӯъҳои бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои давлатӣ, арбобони намоёни сиёсию давлатӣ, олимони маъруф, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, наботот ва ҳайвонот (фауна ва флора) дар рӯи маркаҳои Тоҷикистон акс ёфтаанд. Ҳамчунин, илму маориф, тандурустӣ, тарзи ҳаёти солим, табиати нодир ва нотакрори кишвари биҳиштосоямон тавассути маркаҳо тарғиб шуда, онро шахсони алоқаманд барои коллексияҳо харидорӣ менамоянд. Дар гӯшаҳои гуногуни дунё ҳар сол фурӯши маркаҳо баргузор мешавад. Аз ҷумла, соли 2018 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой чунин намоиш – фурӯш доир гардида, дар он маркаҳои Тоҷикистон низ ба маъраз гузошта шуд.

«Маркази марка», дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 300 номгӯй марка интишор карда, талаботи бозори дохилиро пурра қонеъ гардонида, дар бахши филателия низ иштироки фаъол намуд. Аз ҷумла, ба муносибати 10, 15, 20 ва 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор маротиба акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун марка интишор кард. Илова бар ин, «Маркази марка» тибқи нақша — чорабиниҳо ҳар сол 30 номгӯй маркаро бо арзиши 10, 20, 30, 40, 50 дирам ва аз 1 то 20 сомонӣ бо бештар аз 500 ҳазор силсила нашр месозад.

Мавзӯъҳои таърихӣ, ифтихороти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва тарғиби илму фарҳанг низ аз ҷумлаи қисматҳои муҳими мавзӯъҳои КВД «Маркази марка» ба ҳисоб мераванд. Дар доираи онҳо корхона маркаҳоро бо аксҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров нашр намудааст. Инчунин, вобаста ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаҳои якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ду акси неругоҳ, марка нашр гардид.

Ҳамчунин, ҷиҳати тарғибу ташвиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 муассиса чаҳор номгӯй марка нашр кард.

Чанде пеш ба ифтихори 5500-солагии Саразми бос­тонӣ низ, ки маънои сари замин, сарзамин ва оғозгоҳи тамаддуни халқи тоҷикро дорад, марка чоп шуд, ки соҳиби тамаддуни қадимӣ ва яке аз мардуми бумӣ будани тоҷиконро дар Осиёи Миёна ифода мекунад. Якчанд маркаи нашршудаи дигар инъикоскунандаи ҷашнҳои бузурги миллӣ – Наврӯз ва Меҳргонанд.

Варзиш низ аз ҷумлаи мавзӯъҳои маъмул буда, маркаҳои бо аксҳои кӯҳнавардон, лижаронон, футболбозон, акробатҳо, чавгонбозон, оббозӣ ва шат­ранҷ нашрнамуда тарзи ҳаёти солимро тарғиб мекунанд.

Робитаҳои байналмилалӣ ҳам ҷанбаи муҳими фаъолияти марказ аст. Чанде пеш муассиса ба муносибати 150 – солагии арбоби сиёсии ҳинд ва файласуфи барҷаста Маҳатма Гандӣ маркаи ҷашнӣ интишор дод.

Муассисаи «Дом печати Белоруссия» яке аз шарикони боэътимоди корхона мебошад.

- Алҳол ба муносибати ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд эскизи марка бо ширкати фаъоли кормандон Шаҳноз Афсаҳзод, Салим Қирғизбеков, Маърифат Мирзоева ва Ҷамила Алимардонова омода шудааст, ки тибқи нақша, дар семоҳаи аввали соли оянда нашр хоҳанд шуд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Сайдалӣ Мирзоев.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»