Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба танзим медарорад. Ин қонун вазифаи мақомот ва идораҳои давлатиро дар ин масъала возеҳ нишон додааст. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз идораҳое мебошад, ки фаъолияташ ба ин самт равона аст. Дар ин ҷо моҳи сентябри соли гузашта Маркази машваратие таъсис дода шуд, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият мебарад. Тибқи талаботи қонуни мазкур ин гуна марказҳо дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ таъсис дода мешаванд.
Тавре сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Бозоров дар суҳбат бо мо иброз дошт, баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкили марказҳои машваратӣ, ки онҳо бевосита дар ҳудуди минтақаи маъмурӣ муроҷиатҳои истеъмолкунандагонро баррасӣ менамоянд, унвонии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ аз 11 декабри соли 2014 таҳти №01-06/1477 ирсол гардид. Ин масъала дастгирӣ ёфт ва айни замон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ташкили марказҳои машваратӣ, суроға, телефони боварӣ ва сомонаи интернетӣ маълумотҳо тариқи ҷадвали пешниҳодшуда омода гардида истодаанд.
Аз мавсуф доир ба рафти муроҷиати шаҳрвандон ба маркази машваратӣ пурсон шудем. Номбурда дар ҷавоб гуфт, ки давоми се моҳи соли 2015 ҳашт нафар тавассути телефони боварии дастгоҳи марказии Хадамот оид ба поймол гардидани ҳуқуқҳояшон дар мавриди хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ муроҷиат карданд ва тибқи дастури роҳбарияти Хадамот муроҷиатҳои мазкур ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои муфассал гардонида шуд. Аз моҳи августи соли 2014-ум 38 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, ҳамаи муроҷиати онҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, чораандешӣ карда шудааст. Ҳамсуҳбатам изҳор дошт, ки аксари муроҷиаткунандагон доир ба вазъи ғайриқаноатбахши хизматрасонии нақлиётиву коммуникатсионӣ шикоят кардаанд.
Бино ба гуфти Насим Бозоров, то имрӯз дар вилояти Суғд 18 маркази машваратӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 25 маркази машваратӣ ташкил карда шудааст.
Тавре номбурда изҳор дошт, қисме аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба таъсиси марказҳои машваратӣ маълумот пешниҳод накардаанд. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи нақша бояд тамоми шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи аввали соли равон чунин марказҳоро таъсис диҳанд.
Бояд гуфт, ки таъсиси Маркази машваратӣ ба хотири ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба роҳ монда шудааст. Яъне, шаҳрвандоне, ки ҳуқуқҳояшон ҳангоми истифода аз дилхоҳ намуди хизматрасониҳо поймол гардидааст, метавонанд тавассути мактуб, телефони боварӣ ва ё почтаи электронӣ ба марказҳои машваратии маҳалашон ё ин ки ба дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Кормандони марказ муроҷиатро баррасӣ намуда, ҳуқуқи поймолшудаи истеъмолкунандагонро барқарор мекунанд.
Дар баробари ин, мақсади асосии Маркази машваратӣ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии истеъмолкунанда, муттаҳид намудани мақомоти дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолияткунанда мебошад, зеро, агар маърифати ҳуқуқии шаҳрванд баланд бошад, кӯшиш менамояд, ҳангоми истифода аз хизматрасониҳо сифати корро талаб намояд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»