Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

29202147412_9a07551c21_o29 августи соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонданд.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон солгарди навбатии Истиқлолияти давлатиро ба мардуми кишвар ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ муборакбод гуфта, соҳибони ҷоизаву мукофотҳои давлатиро ба муносибати сазовор шудан ба қадршиносии роҳбарияти Давлату Ҳукумат табрик намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки мукофоти давлатӣ шакли олии ҳавасмандгардонии шахс ва эътирофи хизматҳои ӯ дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид карданд.

Ҳамин тариқ, бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 8 нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи II, 91 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 9 нафар бо медали «Ҷасорат», як нафар бо медали «Марзбони шуҷои Ватан», 2 нафар бо рутбаҳои махсуси навбатӣ, як нафар бо ордени «Спитамен» дараҷаи I, як нафар бо медали «Шафқат», 5 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, як нафар бо унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 12 нафар бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ ва 5 нафар ба дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.

Дар охир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи кормандонеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ ва саодати зиндагӣ орзу намуданд.

www.president.tj