Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо сол то сол таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ба инкишофи соҳаи тандурустӣ бештар мегардад. Ҳини ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат дастур дод, ки барои табобат ба хориҷи кишвар нарафта, дар дохили кишвар онро ба анҷом расонанд, зеро имрӯз дармонгоҳу бемористонҳои ҷумҳуриявӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва духтурони ботаҷриба таъмин ҳастанду амалиётҳои мураккабтарини тиббиро дар сатҳи баланди касбӣ ба ҷой меоранд. Зарур шуморидем, ки ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», воқеъ дар Шаҳраки тиббӣ (Медгородок) рафта, аз кору фаъолияти духтурон огоҳии бештар пайдо намоем.
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» (директораш Холмаҳмад Раҳимзода) дар асл ҳам ба як Маркази аз ҳар ҷиҳат пурқувват ва муҷаҳҳаз табдил ёфта, духтурони он имрӯзҳо мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳиро ба анҷом мерасонанд. Айёме, ки банда ба ин Марказ омадам, духтурони шуъбаи ҷарроҳии рентгеноэндоваскулярӣ бо мудири шуъба Алишер Баротов даҳсолагии аввалин амалиёти ҷарроҳии рентгеноэндоваскуляриро (усули табобат бо нурҳои рентгенӣ) таҷлил менамуданд.
Ин амалиёти ниҳоят мураккабро духтури ботаҷриба номзади илмҳои тиб, дотсент Алишер Кенҷаевич Баротов бомуваффақият гузаронида буд.
Алишер Баротов дастпарвари факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, пас аз хатми он ба ин Марказ омад. Он солҳо мудири кафедра академик Неъматулло Усмонов (рӯҳаш шод бод) буд ва мавсуфро ба шогирдӣ пазируфт. Алишер шод буд, ки чунин устоди ботаҷриба ва номдор дорад. Аз ин рӯ, кӯшиш мекард, ки ба бовариаш сазовор бошад. Адабиётҳои гуногуни тиббиро оид ба бемориҳои дил мутолиа намуда, дар бештари амалиётҳои ҷарроҳӣ устодаш академик Неъматулло Усмоновро ҳамроҳӣ мекард.
Солҳои 1992- 1998 дар «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ҷарроҳии анъанавӣ бо истифодаи теғ анҷом дода мешуд. Духтурони Марказ дастгоҳҳои замонавӣ надоштанд.
-Соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Марказ ташриф оварда, бо духтурони мо мулоқот дошт. Академик Неъматулло Усмонов дар ҳузури Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз хусуси дастгоҳҳои нави ангеографӣ ҳарф зад ва зарурияти имрӯзаи онро изҳор намуд.
Роҳбари мамлакат ба ин пешниҳод таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ваъда доданд, ки ин масъаларо ҳал хоҳанд кард.
Баъди чанд сол (соли 2001) бо кумаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Марказ соҳиби чунин дастгоҳ гардид.
Бояд зикр намуд, ки он солҳо чунин дастгоҳи нодир якто буд ва он ҳам дар Маркази мо. То дастрас намудани дастгоҳи ангеографӣ беморон ба хориҷи кишвар рафта, сарсону саргардон мешуданд ва маблағҳои зиёдро сарф менамуданд. Соли 2001 устод Неъматулло Усмонов пешниҳод кард, ки ин усули нави ҷарроҳиро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монем.
Ҳамин тавр, ҳамроҳи устодам корро аз сифр оғоз намудем, — мегӯяд Алишер Баротов.
Бояд зикр намуд, ки чунин ҷарроҳии мураккаби дилро духтури дилшинос Неъматулло Усмонов ҳанӯз соли 1972 гузаронида буд. Академик Усмонов бо дастгоҳҳои рентгенӣ ҷарроҳии ангеографиро хеле бобарор анҷом дод, аммо дастгоҳҳои пешина ба ҳаҷм ва меъёри кор мувофиқат намекард. Бо чунин асбоб ташхиси дилро гузаронидан имконнопазир буд.
Ба Алишер Баротов лозим омад, ки соли 1999 ба шаҳри Москва рафта, дар Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулев ва соли 2004 дар Институти илмию тадқиқотии кардиологияи ба номи А. Л. Мясников такмили ихтисос намуда, нозукиҳои ин намуди ҷарроҳии муосирро аз худ намояд.
Ба ҷуз ин, номбурда ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, Италия ва Австралия сафар карда, дар соҳаи рентгенҷарроҳӣ такмили ихтисос кардааст. То соли 2003 духтурони шуъбаи ҷарроҳии рентгеноэндоваскулярӣ бо асбобҳои пешина танҳо амалҳои ташхисиро мегузарониданд. Дастгоҳҳои имрӯза ба духтурон имконият медиҳанд, ки беморро ҳам аз ташхис гузаронанду ҳам табобат кунанд.
-Хеле хуб дар ёд дорам, ки 25 ноябри соли 2004 бори аввал дар ҷумҳуриамон стентгузории коронарӣ ба бемор оғоз ёфт. Бемор бо ташхиси бемории ишемикии дил ба назди мо оварда шуд. Марди 72- сола аз нафастангӣ, маҳдудияти ҳаракат ва пайдошавии дард дар қафаси сина ҳангоми кори ҷисмонӣ ё ҳаракат шикоят дошт. Баъди гузаронидани амали ташхисӣ- коронарография маълум шуд, ки дар яке аз рагҳои хунгарди дили он мард тангшавии шадиди 95-97 фоиза мавҷуд аст.
Ин тангшавӣ ба норасоии таъминоти мушаки дил бо ғизо- оксиген оварда расонид. Дил, ки дар вақташ ғизои (хуни) кам гирифт, бемор дар қафаси сина дардро ҳис мекунад.
Агар бемор сари вақт ба духтур муроҷиат мекард, тангшавии рагҳои хунгард ба сактаи дил (инфаркт) намерасонид. Ҷарроҳии аввалини аз ҷониби ман анҷомёфта расо як соат давом кард. Азбаски таҷрибаи кофӣ надоштам, давомнокии ҷарроҳии нахустинам маро қонеъ накард. Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҷарроҳӣ бо усули рентгеноэндоваскулярӣ бомуваффақият анҷом ёфт. Баъди як рӯзи ҷарроҳӣ беморро аз беморхона ба хонааш ҷавоб додем. Он рӯз ҳамкасбонам маро бо комёбии нахустинам табрик карданд,- он лаҳзаҳоро ба хотир овард Алишер Баротов.
Инак, аз байн даҳ сол гузашт. Синну соли он беморе, ки бори нахуст ҷарроҳии муосири дилро аз сар гузаронид, ба 82- солагӣ расид, ҳанӯз бардаму боқувват ва аз зиндагии хушу хуррам бархӯрдор аст.
Давоми ин даҳ сол духтури ботаҷриба Алишер Кенҷаев даҳҳо чунин беморонро аз ташхису табобат бо ин усули мушкилу мураккаб гузаронида, ба онҳо умри дубора бахшидааст.
Акнун, ки таҷрибаи ӯ зиёд шудааст, баъзе амалиётҳои ҷарроҳии рентгеноэндоваскуляриро дар мавридҳои одӣ давоми 5- 10 дақиқа ба анҷом мерасонад. Баъзан духтур бо бемороне дучор мешавад, ки тангшавии чор- панҷ ранги хунгард ба назар мерасад. Инро тангшавии сершумори рагҳои хунгард меноманд ва давомнокии чунин амалиёти ҷарроҳӣ 2- 3 соат давом мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 январи соли 2015) ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла иброз намуд : «Дар даврони истиқлолият барои рушди соҳаи тандурустӣ илова ба маблағҳои аз буҷет ҷудошуда 107 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳоло дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар илова ба маблағи буҷетӣ татбиқи 38 лоиҳа ба маблағи 570 миллион сомонӣ идома дорад.
Чораҳои зикршуда, аз ҷумла ворид намудани таҷҳизоти муосир ва технологияи замонавӣ боиси беҳтар шудани сифати ташхис, муоина ва табобати беморон гардиданд. Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯз ба кишварҳои хориҷӣ барои табобат рафтани шаҳрвандони мо хеле кам шудааст. Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва ташхису табобати як қатор бемориҳо, беҳбудиро тақозо мекунад».
-Пас аз шунидани Паёми навбатии Президенти кишварамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муътақид шудем.
Солҳои охир ба беморхонаҳои ҷумҳурӣ таҷҳизоти муосир ва технологияи замонавӣ оварда шуд. Дар натиҷа, сифати ташхису табобат сол то сол беҳтар мешавад. Агар ба беморон корҳои фаҳмондадиҳиро беҳтар ба роҳ монем, боварӣ дорам, ки шаҳрвандони мо барои табобат дигар ба хориҷи кишвар намераванд.
Ҳамчун мутахассиси соҳа ба бемороне, ки гирифтори бемории ишемикии дил ҳастанд, маслиҳат медиҳам, ки сари вақт ба духтури кардиолог муроҷиат намоянд. Афсӯс, ки баъзан мардуми мо бо умеди имрӯзу фардо шуда, дардашонро куҳна мекунанд ва табобаташ мушкилтар мешавад.
Дар ҷумҳурии мо бемори мубталои ин дард зиёданд, аммо теъдоди онҳое, ки ба духтурони кардиолог муроҷиат менамоянд, хеле каманд. Беморон аҳён- аҳён ба ташхису ҷарроҳӣ мераванд.
Се марказе, ки дар ҷумҳуриамон фаъолият доранд, соле то 1000- 1500 нафарро ҷарроҳӣ мекунанд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба аҳолии зиёда 8 миллион нафара хеле кам аст, — гуфт дар хотима мудири шуъбаи ҷарроҳии рентгеноэндоваскулярии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» Алишер Баротов.
Алҳол зери роҳбарии номзади илмҳои тиб дотсент Алишер Баротов дар шуъбаи ҷарроҳии рентгеноэндоваскулярии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ҳафт нафар шогирдони ботаҷриба кор мекунанд.
Номбурда фурсат пайдо намуда, ба корҳои илмӣ машғул шуд ва рисолаи номзадиро ҳимоя кард. Беш аз 200 мақолаҳои илмии ӯ дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Ӯ дар анҷуману конференсияҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Булғория ва Швейтсария баромад карда, аз таҷрибаи духтурони дилшиноси тоҷик ҷаҳониёнро огоҳ кардааст.
Заҳматҳои чандинсолаи Алишер Баротов бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (соли 2002), медали ҷашнии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (соли 2010) ва нишони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2013) қадрдонӣ шудааст. Бошад, ки сафи чунин духтурони ботаҷриба дар ҷумҳуриамон сол то сол зиёдтару сафи беморони дил камтар гардад.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»