Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин чанде пеш ба оҷонсии «Интерфакс» иброз дошт, ки барои маст сари чанбар нишастани ронандагон ҷазоро вазнинтар бояд кард. «Ҳар рӯз мо аз ВАО огоҳ мешавем, ки бо айби ронандагони маст кӯдакон ва ҳатто аъзои як оила ба ҳалокат мерасанд. Бинобар сари чанбарак нишастани ронандагони маст ҳазорон нафар наздиконашонро аз даст додаанд», — гуфтааст ӯ.
Пешниҳоди мазкур дар кумитаи дахлдор мавриди омӯзиш қарор гирифта, шояд дар иҷлосияи навбатӣ баррасӣ шавад. Соли 2018 дар Россия 15 ҳазор садама бо айби ронандагони маст рӯй додааст, ки дар онҳо 4300 нафар ба ҳалокат расида, 20600 нафар маъюб гаштаанд.
Ду сол пеш, аниқтараш 28 августи соли 2017, дар кишвар ба моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ» тағйирот ворид карда шуд. Тибқи он барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ҷазои маъмурӣ ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол муайян шудааст. То татбиқ шудани тағйироти мазкур барои чунин кирдор маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ду сол пешбинӣ карда мешуд.
Ҳарчанд ҷазо барои идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкорнамоии чунин афрод чораҳоро андешанд ҳам, ҳанӯз нафароне ҳастанд, ки ба чунин қоидавайронкунӣ даст мезананд.
Дар як ҳафтаи моҳи феврали соли равон кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 5827 қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳро ошкор намудаанд, ки аз онҳо 11 ададаш идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ мебошад. Аз 11 нафаре, ки воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ идора кардаанд, 10 нафарашон ҷавонони аз 20 то 35 — сола будаанд. Нисбат ба онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ба гуфти равоншиноси маъруф, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ, истеъмоли машрубот суръати вокуниш ва дараҷаи танзими рафтор (ҳаракат)-ро суст мекунад. Аз ин рӯ, ронанда дар ҳолати зарурӣ имкони зуд ба хулосаи дуруст омаданро наёфта, дучори садама мегардад.
- Ронандаи сархуш дарк карда наметавонад, ки суръати нақлиёташ барои ҳолати кунунӣ мувофиқ ҳаст ё не. Зеро баҳодиҳиро гум карда, дар ҳолатҳои гардиши танг, аз пеш баромадани пиёдагард, мошини самти муқобил ё лағжонак будани роҳ даступо мехӯрад. Чашмонаш бо таъсири чароғи симчӯбҳо ва мошинҳои самти муқобил зуд хира шуда, дер барқарор мегардад, — мегӯяд С. Нодирӣ.
Ҳар касе, ки сари чанбараки нақлиёт мешинад, бояд дар назар дошта бошад, ки аз тасмимгириҳои ӯ ҳаёти худашу дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ вобастагӣ дорад. Як ҳаракати беҷояш метавонад боиси кандани риштаи ҳаёти худ ё шахси дигар гардад. Мирзо Абдулқодири Бедил дар ин маврид чунин фармудааст:
Як қадам роҳ аст, Бедил, аз ту то домони хок,
Бар сари миҷгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»