Мусоҳиба бо равоншинос Маҳмудшоҳ Кабирӣ
- Коронавирус ба рӯҳияи одамон беасар намонд. Дар бораи таъсири он ба рӯҳу равони мардум чӣ назар доред?
- Беморӣ ба сиришти инсон аз ҳама лиҳоз асар мерасонад. Дар тиб ду ҷиҳати он — ҷисмонӣ ва рӯҳӣ меҳваранд. Ба забони тиббӣ онро психосоматика мегӯянд. COVID-19 вирусест, ки таъсираш баландтар аст. Илова бар ин, мардум аз он бештар тавассути хабарҳои ҳангоманок иттилоъ мегиранд. Ин сабаб шуд, ки дар баробари асар ба бадан иттилооти ҳангомабарангез дар бораи он рӯҳияи мардумро хаста кард ва сабаби паст шудани масунияти бадан гардид. Коронавирус метавонад ба асаб таъсири манфӣ расонад. Дар ин замина одам, ки эҳсосу фикр дорад, қодир аст бо мизроб (настройка)-и равонӣ бемориеро «созад», ки дар асл нест. Инро псевдосиптоматика мегӯянд, яъне аломатҳои дурӯғинро дар шуур ба вуҷуд меорад ва ба доминант (ҳукмфармоӣ) — и фикру эҳсосҳои манфӣ, ба монанди тарсу ҳарос, таҳлука ва зиқӣ мусоидат мекунад. Моҳиятан инро «дод аз дасти ақл» меноманд.
Мутаассифона, масунияти иттилоотӣ нисбатан осебпазир аст. Мушоҳида мегардад, ки дар фазои иттилоотии кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ қоидаи муоширатро сарфи назар мекунанд, ба эҳсосот дода мешаванд. Дар вақти эълон кардани пайдоиши коронавирус дар мамлакат иттилооти аз берун воридшаванда таъсир расонд ва журналистон дорухати зидди онро надоштанд. Яъне, иттилои муътамаде, ки дар баробари ахбори ҳангомабарангези беруна пахш гардад, набуд.
- Норасоии кадрҳои равоншиносӣ, алалхусус дар шароити мавҷудияти бемории коронавирус эҳсос мешавад. Оё ба шумо барои гирифтани маслиҳати равонӣ муроҷиат мекунанд?
- Мехоҳам аввал як нуктаро зикр кунам. Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи баъдидипломии тайёрии кадрҳои тиббӣ (ДБДТКД) кафедраи равоншифоӣ (психотерапия) буд, ки онҳоро барҳам доданд. Ҳоло ҳам дер нест, метавонем онҳоро эҳё кунем. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки дар мубориза бо коронавирус равонпизишкони касбӣ нақши калидӣ дошта метавонанд.
Албатта, ба мо муроҷиат мешавад. Ҳатто дар ҳолати бемор буданам ҳам кӯшиш кардам, ки ба ҳамватанон дар бораи беморӣ, пешгирӣ ва муқовимат ба он тавсия диҳам, то ба таҳлука наафтанд.
- Чун аз бемории коронавирус ранҷкашида ба хонандагон чӣ маслиҳат медиҳед?
- Ин беморӣ 4 марҳиларо мегузарад: 1. Давраи шадид, ки табобати аломатӣ (симптоматикӣ) мекунанд. 2. Табобати узвҳои аз ин беморӣ осебдида. 3. Тавонбахшии равонӣ. 4. Тавонбахшии иҷтимоӣ. Агар ин марҳилаҳои табобатиро гузаранд, пурра шифо меёбанд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»