Проблема ва мулоҳиза

Маводи тарфгарӣ – хатар ба саломатӣ ва муҳити зист

№ 25.12.2023

FireworksЧанде пеш вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия пешниҳод карданд, ки тибқи қонун истифодаи  маводи тарфгарӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва наздикии манзилҳои истиқоматӣ манъ шавад.

Мувофиқи омор ҳар сол дар арафаи Соли нави мелодӣ дар Федератсияи Россия аз сабаби  истифодаи шамъ, камин, гулоташ (фейерверк) ва дигар маводи тарфгарӣ ҳар ду дақиқа як сӯхтор ба амал омада, ҳар 30 дақиқа як ҳодисаи вафот аз сӯхтор ба қайд гирифта мешавад.

Аз ин рӯ, директори Хадамоти назоратии Вазорати ҳолатҳои  фавқулодаи Федератсияи Россия Сергей Воронов пешниҳод намудааст, ки фурӯхтани маводи тарфгарӣ ба кӯдакони то 16- сола қатъиян манъ шавад.

Шаҳрванди Федератсияи Россия Валентина Третякова дар шабакаи иҷтимоӣ чунин навиштааст: «Орзу дорам то рӯзе фаро расад, ки истифодаи маводи тарфгарӣ қатъиян манъ шавад, зеро шаби дароз дар натиҷаи истифодаи онҳо ҳаво  туманолуд мегардад. Чӣ қадар ҷонварони ба ҳаросафтода ва партов дар  гирду атроф…»

Аз рӯи маълумоти Комиссия оид ба бехатарии маҳсулоти ИМА, соли 2022 дар ин кишвар аз таъсири  маводи тарфгарӣ беш аз 10 000 нафар осеб диданд. Аз ин рақам 29 дарсад ба осеби дасту ангуштон, 19 дарсад ба осеби сар, гӯш ва пой, 16 дарсад ба осеби чашм ва 38 дарсад ба сӯхтани бадан рост меояд.

Чунин ҳодисаҳо дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҳама бештар дар Норвегия, ИМА, Фаронса, Британияи Кабир, Австрия, Зеландияи Нав, Хитой ва Ҳиндустон ба қайд гирифта шудааст.

Дар кишвари мо низ бо қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 1998 ворид намудан ва фурӯши маводи  тарфгарӣ  манъ шудааст. Ҳар сол кормандони ВКД ва гумрук воридкунандагони  чунин маводро  боздошт ва ҷарима мекунанд. Аммо дар арафаи соли нави мелодӣ  шоҳид мешавем, ки кӯдакон соатҳо петарду гулоташҳоро ба кор дароварда, оромии атрофро халалдор ва муҳити зистро ифлос мекунанд.

Дар таркиби гулоташ ва петардҳо нитрати калий, перхлорати, калий, хокаи ангиштсанг, сулфур, алюминий, оҳан, сурма, барий, магний, стронсий, қурғошим ва хром мавҷуд аст. Ҳангоми ба кор даровардани он сулфур (олтингӯгирд) ва хокаи ангиштсанг оташ гирифта, бо таъсири окислител металлҳои ранга ҷило медиҳанд.

Дар натиҷа, ба фазои атроф дуди заҳрноки оксиди нитроген, оксиди сулфур, оксиди металлҳои дар боло зикршуда, микрозаррачаҳо ва пайвастагиҳои  органикии нимсӯхта паҳн мешаванд. Бо таъсири чунин  дудҳои заҳрнок бемориҳои роҳи нафас, шуш ва дил авҷ мегиранд.

Садои ногаҳонию баланди маводи тарфгарӣ бошад, боиси осеб дидани садопардаҳои гӯш,  баландшавии фишори хун, хастагӣ, стресс, бехобӣ, баландшавии сатҳи холестерин ва ҳатто тез- тез задани дил мешавад.

Аз маводи тарфгарӣ ҳайвонот низ осеб мебинанд. Тибқи иттилои маҷаллаи «The Veterinary Nurse», 52 дарсади соҳибони сагҳо шикоят кардаанд, ки сагҳояшон бо шунидани садои таркиши маводи тарфгарӣ ҳаяҷонзада ва пинҳон мешаванд. Аспҳо низ аз ин гуна садо асабонӣ ва  нороҳат шуда, қасди гурехтан мекунанд. Дар парандаҳо эҳтимоли фавт аз садои баланд зиёд мешавад. Чунончӣ, субҳи якуми январи соли 2021 дар кӯчаҳои шаҳри Рим (Италия) садҳо парандаи фавтидаро ёфтанд.

Дуди маводи тарфгарӣ вазнин буда, муддати  дароз дар фазо муаллақ мемонад. Нафаскашӣ аз он ба одамону ҳайвонот ва парандаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Баъди таҳшин шудани  пасмондаи дуди маводи тарфгарӣ заҳри онҳо ба хок ва об низ мерасад.

Дар натиҷа,  бо таъсири заҳри металлҳои вазнин ба ашхоси дар ҳудуди таркиши маводи тарфгарӣ қарордошта дилбеҳузурӣ, диққи нафас (астма), бемориҳои гурда, намудҳои гуногуни саратон таҳдид мекунад.  Натиҷаи таҳқиқот пас аз истифодаи маводи тарфгарӣ нишон дод, ки тайи се ҳафта сатҳи ифлосшавии ҳаво бо оксиди нитроген ва диоксиди сулфур баланд боқӣ монда, боиси авҷгирии бемориҳои шуш ва гулӯ гардид.

Мувофиқи таҳқиқот, дар давоми як соат баъд аз истифодаи гулоташ сатҳи заррачаҳои стронсий дар ҳаво 120 маротиба, магний- 22, барий-12, калий-11 ва мис 6 маротиба нисбат ба давраи пеш аз истифодаи маводи тарфгарӣ зиёд мешавад. Муайян шудааст, ки моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво тавассути шамол дар давоми ду рӯз ба масофаи то 100 километр паҳн мешаванд.

Оё месазад, ки барои чунин бозии зарарнок  маблағ сарф кунем? Баъзе хонаводаҳо ба ҷои харидани ҷӯроб барои кӯдаконашон ба ӯ маблағ  медиҳанд, то ки  гулоташ харида «хурсандӣ» кунад. «Хурсандӣ»-е, ки боиси  лаънат шунидан аз  пиронсолон, ашхоси бемор, занони ҳомилаю кӯдаки ширмакдошта шавад, ба кӣ лозим?

Дар моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронидани маърака танҳо то соати 22- иҷозат дода шудааст. Ин тасмим ба хотири халалдор накардани оромии атрофиён гирифта шудааст.

Аммо бегоҳи соли нави мелодӣ садои гӯшкаркунандаи маводи тарфгарӣ то нимашаб сари ҳар  қадам шунида мешавад, вале касеро барои халалдор кардани оромӣ ба ҷавобгарӣ намекашанд.

Хуб мешуд, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ дар баробари нишон додани боздошти  воридкунандагони маводи тарфгарӣ, инчунин дар хусуси зарари онҳо ба муҳити зист ва саломатӣ  андешаҳои табибон, коршиносон ва равоншиносон низ баён карда шавад. Тибқи қонун на танҳо ба воридкунандагон, балки барои истифодабарандагони маводи тарфгарӣ низ ҷазо  муайян кардан лозим аст.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»