Табиби ман - ҳабиби ман

Мазраи сабз

№16 (4599) 25.01.2023

Аслиддин ОсимиЗиндагии инсони асил мисоли китобест пурмаънӣ, ибратбахшу хонданӣ. Ҳар саҳифаи умри фарди некном рангину фаромӯшношуданист. Ҳарчанд рӯзҳо мегузаранд, ҳамон қадар қадру қиматаш афзун мешавад. Кори наку ва писандидааш дар хотираи мардум зиндатар, номаш гиромитар мегардад. Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ дар соҳаи тиб даҳҳо донишмандонро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳамияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун роҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд. Бахусус, хизмати Синои бузург дар ин ҷода беназир буда, вай дар замонаш на танҳо барои мардуми худ, балки ба аксари қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ирқу нажод, дасти мадад дароз кардааст.

Аслиддин Осимӣ. Номест ошно ва гиромӣ барои тоҷику тоҷикис­тониён. Чеҳраест шинохта, маҳбубу муътабар ва соҳиби мақому манзалати бениҳоят баланд. Ӯрост ёдгориҳои қобили таваҷҷуҳ дар китоби зиндагӣ. Ӯрост пайравону ихлосмандони зиёд, дӯстону бародарони ҷонӣ. Онҳое, ки доимо хайр мекунанд, дар ҳар гуфтор сухане аз ҳиммату наҷобаташ мегӯянд, дар рафтор пайравиаш  мекунанд, кирдорашро аҳсан мехонанд.

Дар урфият одам аз пушти обу дон меравад, мегӯянд. Ҳар ҷо, ки ризқу рӯзияшро қисмат карда бошанд, маҷрои зиндагиаш ҳамон сӯ майл мекунад. Ин нукта ҳақиқатест бебаҳс. Дар зиндагӣ барои исботи он мисолҳои бешумор метавон ёфт. Зиндагиномаи Аслиддин Осимӣ ҳамин ранг сурат гирифтааст.

Табиат инсонҳоро нотакрор меофарад ва дар ҷавҳари  ҳар кадом хислатеро ҷо мекунад, ки тавассути он рисолатро ба анҷом мерасонанд. Инсонҳое, ки рисолати вуҷуди онҳо ободкорию созандагӣ ва тарбиятгарию роҳнамоист, ҳамчун моҳ дар шаби тор роҳи дигаронро равшан, зиндагии онҳоро нуру сахо, ҳастиро маънӣ ва махзани маърифати ҷомеаро ғанӣ мегардонанд. Ин аст, ки тӯли таърихи пайдоиш ва инкишоф инсоният тавонист, ки ба дараҷаҳои баланди маърифат ва рушд ноил гашта, табиату ҷамъиятро идора намояд. Соҳибистиқлолии кишвар низ барои ашхоси арзанда баҳри шинохти рисолат ва роҳандозии фаъолияти пурмаҳсул имконияти мусоид фароҳам оварда, дастгириву таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом ва ташаббусҳои зиёиёни кишварро бештар гардонид.

Аслиддин Осимӣ дар ҷомеа мавқеи сазоворро соҳиб буду дар доираи илмии дохилу хориҷи кишвар ҳамчун вориси арзандаи Сино ва ҳабиби дардмандон эътироф шудааст. Дониши фароху касбияти баланд ба ӯ имконият дод, то дар бахши урология муваффақ гардад.

Ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва поквиҷдонӣ роҳу равиши хешро дар зиндагӣ пайдо намуд. Заҳматписандӣ, сабру таҳаммул ва роҳнамоии пайвандони соҳибэҳтиромаш мактаби нахустини ҳаёташ гардид.

Иқдомҳое, ки қаҳрамони матлаб баҳри тибби муосири тоҷик, хоса бахши урология, амалӣ намуд, дар маҷмӯъ ба рушду такомули соҳаи тандурустӣ таҳрик бахшиданд. Табиист, ки ҳар кори навро мушкилоте низ дунболагир мегардад, вале ӯ, ки иродаи шикастнопазир дошт, аз душвориҳо наҳаросид. Аз ин рӯ, мардум бо як эҳсоси гарм дар бораи ин табиби ҳозиқ сухан мегӯянд.

Пизишки масеҳонафас ба василаи хислатҳои неки инсонӣ ба дили мардум роҳ ёфта, дар ҳама ҳолат масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ, инсондӯстӣ, қонунсолорӣ, ҳақшиносӣ, ҳақгӯӣ, ҳалолкорӣ ва ҷасорату пешсафиро меҳвари кору зиндагӣ қарор дода буд. Ҳар нафаре, ки бо ӯ ҳамроҳ фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созанда, инчунин, садоқаташро ба Пешвои миллат ва ин миллату Меҳан дидааст, бо мо ҳамфикр хоҳад буд. Албатта, муаррифии ин шахсият, ки дар сурати барҳаёт будан 90 — сола мешуд,  дар доираи як матлаб имконнопазир аст.

Зиндагиаш аз соли 1959, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо соҳаи тандурустӣ пайванди ногусастанӣ пайдо кард. Қобили ­зикр аст, ки ӯ пеш аз хатми донишгоҳи зикршуда, соли 1952 дар зодгоҳаш маълумоти миёнаи тиббӣ гирифта, як сол дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт. Сипас, ин рисолат дар симмати ассистенти кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино солҳои 1966 — 1967 идома ёфта, соли 1969 рисолаи номзадиашро сарбаландона ҳимоя кард. Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳи зикршуда фаъолияти Аслиддин Осимӣ аз ассистент то профессори кафедраи урология масир дорад. Солҳои 1973 — 2008 роҳбарии кафедраи мазкурро ба зимма дошт (ба истинои солҳои 1995 -1998). Бо назардошти қобилияти нотакрор аз соли 1973 то соли 1994 сармутахассиси соҳаи урологияи Вазорати тандурустии Тоҷикистони шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Тамаллуқ намешавад, агар дар бахши урология Аслиддин Осимиро   устоди устодон номем. Дар замони фаъолияти ӯ ординатураро аз рӯи ин ихтисос зиёда аз 200 нафар хатм карда, 107 духтур марҳилаи такмили ихтисосро гузаштанд. Дар маҷмӯъ, ин шахсияти номдор 60 соли умри пурбаракати хешро ба пешаи табиби ҷарроҳ бахшид. Равобити роҳандозикардаи ӯ бо марказҳои илмии урологии собиқ ҷамоҳири шӯравӣ боис гардид, ки таҷрибаи пешқадами ин бахши тиб дар марказҳои урологии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон татбиқ гарданд. Ин омил замина фароҳам овард, ки мақому манзалати А. Осимӣ на танҳо дар Тоҷикистон, инчунин, миёни олимону табибони хориҷи кишвар тамоюли болоравиро касб намояд. Яке аз далелҳои тасдиқкунандаи андешаи қаблӣ он аст, ки номбурда солиёни зиёд узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи байналмилалии «Урология ва нефрология» буд.

Таъсиси шуъбаҳои урология дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, шуъбаи литотрипсия дар шаҳри Душанбе аз ҷамъи ташаббусҳои ӯ «муште аз хирвор» маҳсуб мешавад. Муҳим он буд, ки қаҳрамони матлаб барои машварат ба табибони шуъбаҳои навтаъсис ба манотиқи гуногуни мамлакат сафар мекард.

Махсусияти дигари А. Осимӣ дар он зоҳир мегардад, ки шарофатмандона ба касби хеш содиқ монд, сарфи назар аз фишору  мушкилоти солҳои навадуми асри гузашта шаҳри дӯстдоштаи хеш — Душанберо тарк накард. Мисли ҳамеша бо чеҳраи кушода беморонро табобат намуда, кӯшиш кард, ки дар он айёми пуртазод хурсандие ба хонаводаи ҳамватани хеш эҳдо кунад.

Қаҳрамони матлаб ҳар ҷое фаъолият кард, аз худ номи нек ва ободии зиёд боқӣ монд. ­Фаъолияти илмиву амалиаш, воқеан ҳам, қобили ситоиш аст. Мисоли зиёд мавҷуданд, ки ба шарофати ӯ теъдоди зиёди инсонҳо ба зиндагӣ дилгарм шуданд. Манзури мо ҷарроҳиҳои пластикӣ вобаста ба узвҳои таносул ва пешобгузар мебошанд, ки аз ҷониби табиб дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардида, аксарашон камназиранд.

Ҳамрадиф бо ин, мақолаҳои илмиаш доир ба масоили гуногуни бахши урология на танҳо дар маҷаллаҳои илмии дохили кишвар, балки маҷаллаҳои бонуфузи хориҷи мамлакат низ ба нашр расидаанд. Қобили зикр аст, ки мавсуф тӯли фаъолият ҷарроҳиҳои зиёди мураккаби урологӣ, аз ҷумла барчидани сангҳои сершумор аз гурда, ҷарроҳиҳои роҳҳои пешобравро дар маркази ҷумҳурӣ анҷом доданд.  Дар силсилаи корҳои илмии Аслиддин Осимӣ тамоми масоили ба бемориҳои бахши урология рабт­дошта омӯзишу гурӯҳбандӣ шуда, инчунин, усулҳои нави ба воситаи ҷарроҳӣ рафъ намудани онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Муаллифи 2 монография, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ, 62 тезис, 6 дастури таълимию методӣ, 10 пешниҳоди навоварӣ буда, зери роҳбариаш ҳимоя гардидани се рисолаи номзадӣ ва ғайра бозгӯи фаъолияти пурмаҳсули ӯст. Муболиға намешавад, агар гӯем, ки Аслиддин Осимӣ пойдевори илми урологияро дар кишвар замина гузоштааст.

Дар таърихи фарҳангҳои башарӣ мактабу равияҳои тиббӣ мақоми хосро доро мебошанд. Пойдор мондани чунин мактабу равияҳо аз онҳое вобаста аст, ки бунёдгари он ба ҳисоб рафта, қобилияти тафсиру такмил ва танзими андешаҳои гуногунро ба чорчӯбаи системаи муайян ворид сохта тавонад. Аслиддин Осимӣ соҳиби чунин қобилият буд.

Таҷриба шаҳодат медиҳад, ки агар пизишк андешаҳои фалсафӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дошта бошаду онҳоро дар шакли пароканда, номураттаб бидуни низоми муайян боқӣ гузорад, ҳамчун асосгузори ин ё он бахши илм пазируфта намешавад. Тавре Афлотун фармудааст: «Андешаҳои ҳақиқӣ ҳам камарзишанд, агар кас онҳоро бо алоқаи сабаб ва натиҷа пайваст насозад».

Мутобиқи анъанаҳои тибби классикӣ, табиб бояд дармонбахши табиати кулли инсон бошад. Чунин талабот табибро то андозае водор  месозад, ки дониши мукаммал дар бораи анатомия, физиология ва психология дошта бошад. Тибби муосир зиёда аз 40 самти илмӣ-ихтисосиро дар бар мегирад. Қаҳрамони матлаб тавонист, ки ин самтҳоро ба меъёрҳои дониши илмӣ мувофиқ сохта, дар фаъолияти худ онҳоро ба як низоми муайян оварад.

Агар зиндагиномаи Аслиддин Осимиро аз назари шинохти табиати инсон нигарем, пас муътақид хоҳем шуд, ки фаъолияти табибии  ӯ ҷанбаҳои анатомӣ, физиологӣ ва равонии инсонро дар бар мегирад. Ин табиби ба маънои том ҳабиби мардум бар мабнои донишу касбияти камназир тавонист, ки махсусиятҳои бемориҳои урологиро мушаххас созад ва баҳри табобати бетаъхир ва самарабахши онҳо пешниҳодҳои чорасоз ироа намояд. Масъалаҳои марбут ба ин намуди маризӣ дар таълифоташ амиқу ҳамаҷониба пажӯҳиш ва бо истинод ба далелҳои муътамад матраҳ шудаанд.

Маҳз ҳамин махсусиятҳо ин инсони наҷибу комилро муътабар кард. Ҳар қадар ки собиқаи фаъолияташ бештар гардид, эътиқоди дардмандон низ ба ӯ қавитар шуд. Рафтор, гуфтор ва кирдори номбурда аз дурӯғ, риё, тамаъ ва ҳасад орӣ ва бар ин ҳама аъмоли зишт оштинопазир буд. Ин аст, ки дар бораи ӯ нек мегӯянд ва эътироф менамоянд, ки табиби асил, инсони накукор, накуном ва нексиришт буд.

Бино ба гуфти яке аз шогирдонаш, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ» Неъматуло Ибодов, ҳарчанд ба назар менамуд, ки ӯ дастнорас ва бисёр ҷиддӣ аст, аммо дар зиндагӣ хоксор ва ҳалиму меҳрубон буд. Бисёре аз дӯстонаш ашхоси одӣ буданд, ки ин хислат хоси ҳар шахс нест. Зери роҳбарии ӯ табибони ҳозиқи зиёд ба воя расида, дар ҷодаи илм аз пайи устод устуворона пеш мераванд. Ҳамчун устод бисёр сахтгир, серталаб, бомасъулият, ҷиддӣ ва дақиқкор буд. Ҳар супориши додаро доимо назорат намуда, иҷрои онро сари вақт талаб менамуд. Ба фикри шогирд гӯш медод, ақидаи ӯро тақвият мебахшид, баҳри хулосабарории дуруст кумак мекард. Ба шогирд имконият медод то фарҳанги баҳси илмиро омӯзад, хулосабарории мантиқиро аз худ намояд. Ҳамин аст, ки шогирдонаш ҳамеша дар иҷрои   рисолати табибӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ муваффақ мебошанд.

Офаридгор накутарин хислатҳоро барояш арзонӣ дошта буд. Хоксорӣ, фурӯтанӣ, ҷавонмардӣ, поктинатӣ, самимият, ҳақиқатҷӯӣ, росткорию некманишӣ ва дилсӯзӣ хислатҳое ба ҳисоб мерафтанд, ки ӯро дар байни ҷомеа азизу гиромӣ гардониданд. Нафаре буд, ки шеваи зиндагиаш мактаби одамгарӣ буда, насиҳату роҳнамоияш дарси кору зиндагӣ барои ҳар як фард аст. Биноан, дӯстону шогирдон кӯшиш доранд, то ба хислатҳои ҳамидаи ӯ пайравӣ намоянд зеро онҳо на танҳо барои ба маънои том табиб гардидан, балки барои инсони ҳақиқӣ шудан низ муҳим мебошанд.

- Ӯ барои ман намои хираду озодагӣ, инсофу ростӣ, садоқат ва сарбаландӣ, ҳақшиносӣ ва ҳақталошӣ, набарду пирӯзӣ буду ҳаст. Шахсиятест, ки алорағми ҳама сахтӣ таҳаммул, бовар ва умедро талқин менамуд. Зиндагии Аслиддин Осимӣ махсусиятҳои зиёд дош­та, аз рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва хирадмеҳварӣ, ғояҳои наҷиб таркиб ёфта буд.

Хушбахтам, ки ба Аслиддин Осимӣ шогирд будан насибам гаштааст ва аз ӯ бисёр омӯхтам. Агар дар коре ба маслиҳат ниёз пайдо мешуд, қабл аз ҳама, ба устод муроҷиат мекардам, зеро мунсифона маслиҳат дода, назарашро бе хотирбинӣ иброз медошт. Ӯ аз оғоз бо ростию ҳақиқату адолат ва садоқат ба арзишҳои инсонӣ зиндагиву кор карда, ҳамин гуна дар хотири мо мондааст, — афзуд Неъматулло Ибодов.

Месазад ёдовар шавем, ки масъу­лиятшиносиву поквиҷдонӣ ва меҳнати софдилонааш бо унвонҳои «Духтури шоистаи Тоҷикистони шӯравӣ», «Аълочии тандурустии ИҶШС», медали «Шафқат» ва ифтихорномаву сипосномаҳои зиёд қадр шудааст.

Ҳарчанд Аслиддин Осимӣ чор сол инҷониб ҷисман дар байни мо нест, вале кори неку номи некаш мазраи сабзи эъморкардаи ӯро пуртароват нигоҳ медоранд. Хислатҳои ҳамидааш моҳиятан хиштҳои тил­лоии умри пурбаракати ӯ мебошанд, ки хотираи некашро дар қалби мардум нозудуданӣ кардаанд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»