Ман, собиқ корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, беш аз 43 сол содиқона фаъолият карда, бо сари баланд ба нафақа баромадам. Айни замон кӯшиш менамоям, ки заррае ҳам бошад, барои пешравию ободии ҷамъият саҳм гузорам. Баъди ба нафақа баромадан ният кардам бо ҳамсарам ба зиёрати хонаи Худо равем. Вале, баъди шунидани суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсад гузоштам, ки маблағи пасандозро барои сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаи таълимии №38-и деҳаамон сарф кунам.
Бо ҳамин ният, баъди мувофиқа бо собиқ директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 Алишер Буриев, моҳи июни соли 2019 дар қитъаи замини мактаб, воқеъ дар деҳаи Мачитони шаҳри Ваҳдат сохтмонро иборат аз се ошёна, 18 синфхона ва толори маҷлисгоҳ оғоз намудем.
Айни замон ошёнаи якуми мактаб бо харҷи 300 000 сомонӣ бунёд шуда, аҳолии деҳа дар сохтмони он фаъолона ёрӣ расониданд. Аз маблағи зикршуда 70 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби пасандози шахсиам мебошад.
Баъди анҷоми сохтмони ошёнаи якуми мактаб ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат рафта, бо корманди он Бахтиёр оид ба буридани дарахтони ҳудуди оромгоҳи деҳаи Мачитон барои истифода дар сохтмони мактаб маслиҳат намудам. Ӯ гуфт, модоме ки дарахтон барои истифода дар сохтмони таълимгоҳ (корҳои ҷамъиятӣ) сарф шаванд, иҷозат дода мешавад. Қобили зикр аст, ки соли 2003 зери роҳбарии банда аҳли деҳа дар ин мавзеъ қариб ду ҳазор ниҳоли сафедор шинониданд. Аз ҳамин маҳсули заҳмат бо тариқи ҳашар 43 сафедорро бурида, 74 куби онро ҳамчун ҳезум ба 28 оилаи камбизоат, маъюб ва нафақахӯр ройгон тақсим кардем. Аз дарахтон бо харҷи 8600 сомонӣ дар коргоҳи коркарди чӯб 13 куб тахта омода кардем, ки айни замон дар саҳни ҳавлии МТМУ №38 мавҷуданд.
Дар айни пешравиҳои сохтмони мактаб чанде аз ҳамдеҳагон, ки нафъашон ба ҷамъият намерасад, аз болои банда ба прокуратура ариза навиштанд, ки гӯё дарахтони деҳаро ба фоидаи шахсӣ истифода бурдаам.
Бовар доштам, ки мақомоти тафтишотӣ ва суд масъаларо одилона баррасӣ карда, ба ман ва дигар ташаббускорон барои идома додани кори хайр, яъне дар амал татбиқ кардани дастурҳои Пешвои миллат, ёрӣ мерасонанд. Аммо, баръакс шуд, маро 36076 сомонӣ ҷарима бастанд. Магар ин аз рӯи адолат аст?
Агар дарахтонро ба манфиати шахсӣ истифода намуда бошам, тайёрам, ки дар назди қонун ҷавоб диҳам ва зарари расонидаро пардохт намоям. Тавре дар боло шарҳ додам, ин корро ба мақсади идома ёфтани бунёди таълимгоҳ кардам, ки дар он фарзандони аҳли деҳа таълим мегиранд. Ҳоло замони ободкорию бунёдкорист ва ин аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад. Дар шаҳри Ваҳдат низ баҳри амалӣ гардидани ин сиёсати бунёдкорона корҳои ободонӣ вусъат ёфта, сафи ашхоси саховатманду ватандӯст рӯз ба рӯз меафзояд. Вақте ки баъзе аз масъулон садди роҳи иқдомҳои наҷиб мегарданд, ободкорон рӯҳафтода мешаванд.
Кӯшиш кардам вобаста ба вазъияти баамаломада ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунам, вале касе маро дарк накард. Шояд баъди аз тариқи рӯзномаи «Садои мардум» дарҷ кардани мақола масъала ранги дигар мегирад ва кори хайрро идома медиҳем!?
Насрулло ШАРИПОВ,
сокини деҳаи Мачитони Ҷамоати деҳоти «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат