10 ноябр дар мамлакат Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид

Милитсия — таъмингари амният ва тартибот дар ҷомеа

№132 (3769) 11.11.2017

Мақомоти милитсияи тоҷик, ки дар ҳама давру замон вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зимма дорад, хушбахтона, аз уҳдаи иҷрои масъулият сарбаландона баромада истодааст. Ин мақомот аз нахустин рӯзҳои таъсисёбӣ роҳи душвору сангинро тай намуда, қаҳрамониву мардонагӣ, садоқат ба касбу савганд нишон дода, ба сипари боэътимоди халқу Ватан мубаддал гардидааст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз мақомоте, ки дар давраи сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, сарфи назар аз вазъияти мураккаби сиёсӣ, фалаҷ будани мақомоти давлатӣ, набудани базаи моддӣ – техникӣ, устувор истода, дар сафи пеши муборизаҳои сиёсӣ қарор гирифт, милитсияи тоҷик буд. Ибтидои таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ дорои саҳифаҳои гуногун буда, пур аз далерию шуҷоат, инсондӯс­тиву ватандорӣ ва ифтихору қаҳрамонист.

Ҳаводиси солҳои 90-ум ва ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки ба болои миллати соҳибтамаддуни мо таҳмил гардид, дар пешорӯи милитсияи тоҷик имтиҳони мушкил гузошт. Ҳарчанд ки кишвар дар оташи  ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ рафта буду фаъолнокии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, болоравии сатҳи қонуншиканӣ баръало эҳсос мешуд, кормандони милитсия, новобаста аз шароити душвори иқтисодӣ, камбудии маош, хӯрок, сарулибос ва таъминоти нокифояи моддию техникӣ, вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият ва суботи комил дар ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон доданд. Дар ин роҳ беш аз 2000 нафар корманди милитсия ҳаёти худро аз даст дод. Имрӯз номи онҳоро бо некӣ ба забон оварда, қаҳрамониҳояшонро барои насли нави милитсияи тоҷик ҳамчун намунаи ибрат мисол меорем.

Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зуҳуроти нави ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизми динӣ, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва воситаҳои нашъадор ба вуҷуд омад, ки фаъолияти кормандони милитсияро боз ҳам душвор гардонид. Маҳз бо пайкори шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти якҷояи онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният, субот ва осудагии шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта, шахсони ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ин ҳама дониш, маҳорату малака, кордонӣ, андешидани чораҳои нави оперативӣ, интихоби роҳу усулҳои замонавии мубориза, таъсиси шуъбаву раёсат, ҷузъу томҳои нав дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва қабули меъёру санадҳои ҳуқуқиро тақозо дошт. Бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ аз уҳдаи ин талаботи давр низ сарбаландона баромад.

Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида бошад ҳам, вазъияти иҷтимоӣ — сиёсӣ ва ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамоно мураккаб буд. Дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дастаҳои силоҳбадасти муташаккили ғайриқонуние амал мекарданд, ки осудагӣ ва сулҳу салоҳ дар кишварро намехостанд. Онҳо бо дастгирии молиявию даъватҳои душманони хориҷӣ амалҳои зишту бедодгарона ва ҷинояткоронаро идома медоданд.

Падидаи нодир дар раванди сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми бомуваффақияти музокироти сулҳи тоҷикон таъсиси Комиссияи оштии миллӣ маҳсуб меёбад, ки ҳадафи асосии он татбиқи амалии талаботи ҳуҷҷатҳои дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон баимзорасида буд. Комиссияи мазкур то соли 2000 фаъолият намуда, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, устувор гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум ва умуман, таъмини адолати иҷтимоӣ, ки асли фалсафаи сулҳро ташкил медиҳад, хизмати арзанда кард. Тибқи вазифа ва уҳдадориҳои комиссияи зикршуда, ки фарогири масъалаҳои сиёсию низомӣ ва ҳуқуқиву муҳоҷирин буд, дар ҷумҳурӣ корҳои зиёд, аз ҷумла шомил намудани размандагони иттиҳоди мухолифин ба сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ, гузаронидани онҳо аз комиссияҳои давлатии аттестатсионӣ, тиббӣ, халъи силоҳ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба сомон расонида шуд. Дар ин раванд низ саҳми милитсияи тоҷик хеле назаррас буд.

Барои кормандони милитсия дар он замон иҷрои вазифа чандон осон набуд. Онҳо мебоист ҳам гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпешаеро, ки сулҳу оштии миллиро қабул надоштанд, безарар мегардониданд ва ҳам барои таъмини сулҳу субот дар кишвар мусоидат менамуданд. Хусусан, барои он кормандоне мушкил буд, ки дар минтақаҳояшон ҷараёни реинтегратсияи неруҳои иттиҳоди мухолифини тоҷик сурат мегирифт. Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ ва гурӯҳи ноҳияҳои Рашт бошанд, дар ҳолати пурзӯри хизматӣ ва реҷаи пуршиддати корӣ ифои вазифа мекарданд.

Баъзе аз саркардаҳои дастаҳои мусаллаҳи саркаш сулҳу салоҳро нахоста, ба дастурҳои Комиссияи оштии миллӣ гӯш надода, ҳамлаҳои роҳзанона, дуздию ғоратгарӣ, амалҳои террористӣ содир мекарданд, вазъияти сиёсӣ — иҷтимоӣ ва криминогении ҷумҳуриро тезутунд мегардониданд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро зери хатар гузошта, шабу рӯз бо он дастаҳои ҷинояткор дар набард буданд.

Агар аз лиҳози таҳлили вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба солҳои даҳаи аввали истиқлолият бингарем, мебинем, ки тамоми кӯшишу талоши Давлату Ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, баҳри берун кашидани ҷомеа аз вартаи ҳалокат ва расидан ба сулҳи деринтизор равона гардида буд. Танҳо баъд аз солҳои 2000-ум раванди бевоситаи созандагӣ оғоз ёфт. Милитсияи тоҷик дар давраи мазкур низ бо чанд ҳодисаву воқеа рӯ ба рӯ шуд, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои соли 2010 дар минтақаи Рашт, соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ва дигар амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри осудагӣ, таъмини амнияти миллӣ дар кишвар аст.

Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳот қарор дорад. Ҳадаф, пеш аз ҳама, он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, бояд ҳар чӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад. Зеро, зарур аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман, ҳар фарди ватандӯсту ифтихорманди миллат, дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошад. Зуҳуроти номатлуби муосир, аз ҷумла, гаравиши қишрҳои ҷомеа, хусусан ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаройӣ, ки на танҳо Тоҷикис­тон, ҳатто ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, моро ба ин водор менамояд. Яъне, ҳар чӣ бештар бояд дар ҳифзи арзишҳои ваҳдати миллӣ бошем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо неруҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем.

Воқеан ҳам, милитсияи тоҷик дар 26 соли Истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз мураккабиҳои фаъолияти касбӣ, ба дастовардҳои муайян ноил гардида, ба мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфт ва қодир аст, ки аз ҳама гуна амали носавобу душманонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҷилавгирӣ намояд.

Милитсияи тоҷик бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, як қатор чорабиниро, аз қабили корҳои ташвиқотӣ, ташкили суҳбатҳои гирди миз дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан ҷавонон, оид ба таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ба роҳ мондааст.

Бинобар ин, ба кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ, ки баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо унсурҳои номатлуби ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд, сиҳатмандӣ, рӯзгори осуда ва дар иҷрои вазифаи касбӣ иродаи шикастнопазир орзу менамоем.

 Ҷурахон МАҶИДЗОДА,

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ,

Равшан РАҶАБОВ,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон